https://sputnik.tj/20220428/vaziri-khorija-hind-avrupo-jahon-afghoniston-khiyonat-1048047041.html
Вазири хориҷаи ҳинд ба Аврупо: Ҷаҳон ба Афғонистон хиёнат кард
Вазири хориҷаи ҳинд ба Аврупо: Ҷаҳон ба Афғонистон хиёнат кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Ҳинд бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Афғонистони ҷангзадаро ба масобаи хиёнат алайҳи ҷомеаи мадании ин кишвар донистааст
2022-04-28T18:50+0500
2022-04-28T18:50+0500
2022-04-28T20:33+0500
ҳинд
афғонистон
аврупо
ҷомеаи шаҳрвандӣ
хиёнат
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048046970_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fe125b5628446c61e330536d2c33081c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Субраманям Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд бо интиқод аз адами таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба буҳрони Афғонистон аз Аврупо хостааст, то фаротар аз Украина ба Афғонистон нигоҳ кунад, ҷойе, ки ҷаҳон ба ҷомеаи мадании ин кишвар хиёнат кард, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Ҳинд ахиран дар ҳафтумин нишасти гуфтугӯҳои стротежики Русия дар Деҳлӣ гуфт, буҳрони Укроин як мавзуест, ки ҳамаро нигарон кардааст. Аммо Осиё бо як қатор мушкилоти дигар рӯ ба рӯ аст, ки аксари вақт ба волоияти қонун таъсир мерасонанд.Вазири умури хориҷми Ҳинд хотирнишон кардааст, ки дар камтар аз як сол кулли ҷомеаи мадании Афғонистон тавассути ҷаҳон нобуд карда шуд."Барои кишварҳои мухталиф авлавиятҳо гуногунанд ва дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушкилоти яксон вуҷуд доранд", - афзуд ӯ.Ӯ ба мақомоти баландпояи аврупоӣ, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, гуфт, кишварҳои ғарбӣ Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо карданд.
https://sputnik.tj/20220427/kudakon-afghoniston-garonii-mavodi-ghizoi-gurusna-1047999373.html
афғонистон
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048046970_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1295e48f7a64c93b285c2e18afa5bbeb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳинд, ҷомеаи ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳ, ҷомеаи маданӣ
афғонистон, ҳинд, ҷомеаи ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳ, ҷомеаи маданӣ
Вазири хориҷаи ҳинд ба Аврупо: Ҷаҳон ба Афғонистон хиёнат кард
18:50 28.04.2022 (Навсозишуда: 20:33 28.04.2022) Вазири хориҷаи Ҳинд бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Афғонистони ҷангзадаро ба масобаи хиёнат алайҳи ҷомеаи мадании ин кишвар донистааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Субраманям Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд бо интиқод аз адами таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба буҳрони Афғонистон аз Аврупо хостааст, то фаротар аз Украина ба Афғонистон нигоҳ кунад, ҷойе, ки ҷаҳон ба ҷомеаи мадании ин кишвар хиёнат кард, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Ҳинд ахиран дар ҳафтумин нишасти гуфтугӯҳои стротежики Русия дар Деҳлӣ гуфт, буҳрони Укроин як мавзуест, ки ҳамаро нигарон кардааст. Аммо Осиё бо як қатор мушкилоти дигар рӯ ба рӯ аст, ки аксари вақт ба волоияти қонун таъсир мерасонанд.
"Лутфан ба ман бигӯед, кадом бахш аз назми мубтанӣ бар қавонин он чиро, ки ҷаҳон дар он (Афғонистон) анҷом додааст, тавҷеҳ мекунад", - гуфт ӯ бо ишора ба Афғонистон.
Вазири умури хориҷми Ҳинд хотирнишон кардааст, ки дар камтар аз як сол кулли ҷомеаи мадании Афғонистон тавассути ҷаҳон нобуд карда шуд.
"Барои кишварҳои мухталиф авлавиятҳо гуногунанд ва дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушкилоти яксон вуҷуд доранд", - афзуд ӯ.
Ӯ ба мақомоти баландпояи аврупоӣ, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, гуфт, кишварҳои ғарбӣ Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо карданд.