https://sputnik.tj/20220620/bahs-tahlilgar-sarmurabbi-tim-milli-futbol-tojikiston-1049346366.html
Ҳанӯз дастоварде нест: баҳои таҳлилгар ба кори сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон
Ҳанӯз дастоварде нест: баҳои таҳлилгар ба кори сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мураббии шинохтаи тоҷик кори сармураббии хорватии тими миллии футболи Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022 баҳогузорӣ кард
2022-06-20T13:46+0500
2022-06-20T13:46+0500
2022-06-20T14:49+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҷоми осиё
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1e/1045329308_0:117:1536:981_1920x0_80_0_0_11cdc3a01978b5d7e62926cccef41f7c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Кори Петр Сегрт, сармураббии хорватӣ ҳанӯз таъсири назаррасе ба бозии тими миллии Тоҷикистон надоштаст. Ин нуктаро мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ, Дамир Камолиддинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт. Ӯ зимни шарҳи роҳёбии мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023, ки бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ мебошад, изҳор дошт, ки чунин дастовардро метавонистанд мутахассисони ватанӣ низ ба даст оваранд. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гуруҳи "F" тими Тоҷикистон бар дастаи Мянмор бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур - 1:0 пирӯз шуда, сабқат бо дастаи мизбон - Қирғизистонро мусовӣ бидуни голе анҷом дод. Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи мазкур ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023 меравад. Камолиддинов дар шарҳи ин дастовард гуфт, чунин дастовардро аз тим метавонистанд, мураббиёни ватанӣ низ ба даст оранд. Дар зимн коршинос ба дастоварди тими Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон голро дар марҳилаи интихобӣ роҳ надоданд. "Бояд бозии тими Тоҷикистонро бо дастаҳои қавӣ дидӣ қазоват кард. Дар марҳилаи интихобӣ рақибон заифтар аз мо буд", - илова намуд ӯ. Ба гуфтаи мураббии тоҷик, тими миллии Тоҷикистон "чун ҳамеша" бозӣ кард ва ҳайати феълӣ қавитарин бозигарони ҷумҳуриро дар бар мегирад. Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дастаи Тоҷикистон ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023 инчунин тимҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Оман, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳинд, Ҳонгконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё - 2023 аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.Қарор дар бораи макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.
https://sputnik.tj/20220615/istiqbol-timi-tojikiston-furudgoh-dushanbe-aks-1049227143.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1e/1045329308_37:0:1500:1097_1920x0_80_0_0_0889e1a6d2396ba7e9268f5bec43ccb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳо, таҳлилгар, кор, сармураббӣ, мунтахаб, тоҷикистон
баҳо, таҳлилгар, кор, сармураббӣ, мунтахаб, тоҷикистон
Ҳанӯз дастоварде нест: баҳои таҳлилгар ба кори сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон
13:46 20.06.2022 (Навсозишуда: 14:49 20.06.2022) Эксклюзив
Мураббии шинохтаи тоҷик кори сармураббии хорватии тими миллии футболи Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 баҳогузорӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Кори Петр Сегрт, сармураббии хорватӣ ҳанӯз таъсири назаррасе ба бозии тими миллии Тоҷикистон надоштаст.
Ин нуктаро мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ, Дамир Камолиддинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ӯ зимни шарҳи роҳёбии мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023, ки бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ мебошад, изҳор дошт, ки чунин дастовардро метавонистанд мутахассисони ватанӣ низ ба даст оваранд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гуруҳи "F" тими Тоҷикистон бар дастаи Мянмор бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур - 1:0 пирӯз шуда, сабқат бо дастаи мизбон - Қирғизистонро мусовӣ бидуни голе анҷом дод. Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи мазкур ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023 меравад.
Камолиддинов дар шарҳи ин дастовард гуфт, чунин дастовардро аз тим метавонистанд, мураббиёни ватанӣ низ ба даст оранд.
"Феълан чизе гуфтан дар бораи бозии мунтахабамон мушкил аст. Қариб ними бозии аввал аз рӯи теъдод бештар будем. Бозии дуюмро бо фарқияти ҳадди ақал буридем ва дар бозии сеюм рақиби асосиро шикаст надодем. Ин асосист", - афзуд ӯ.
Дар зимн коршинос ба дастоварди тими Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон голро дар марҳилаи интихобӣ роҳ надоданд.
"Бояд бозии тими Тоҷикистонро бо дастаҳои қавӣ дидӣ қазоват кард. Дар марҳилаи интихобӣ рақибон заифтар аз мо буд", - илова намуд ӯ.
Ба гуфтаи мураббии тоҷик, тими миллии Тоҷикистон "чун ҳамеша" бозӣ кард ва ҳайати феълӣ қавитарин бозигарони ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дастаи Тоҷикистон ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023 инчунин тимҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Оман, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳинд, Ҳонгконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия роҳ ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё - 2023 аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Қарор дар бораи макони баргузории 18-умин Ҷоми Осиё, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.