Имзои созишномаҳо миёни соҳибкорони Суғду Липетск

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдПредприниматели Согдийской области РТ и Липецкой области РФ
Предприниматели Согдийской области РТ и Липецкой области РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Ахиран дар шаҳри Хуҷанд миёни соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Липетски Русия 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд имзои созишномаҳо пас аз мулоқоти ҷонибҳо миёни идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилояти Липетски Русия баргузор гардид.
Дар мулоқот соҳибкорони вилояти Липетск бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ва масъулини идораҳои давлативу соҳибкорони вилояти Суғд иштирок доштанд.
“Миёни Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ширкати "Субҳи Ватан", Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ширкати "Маҳмудов", ширкати "Амбилайф" ва Раёсати тандурусти вилояти Суғд, ширкати "Руслан" ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, ширкати "Амбилайф" ва ҶДММ "Само"”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Имзои 21 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғду Ҷиззах
Ҳамзамон созишномаҳо миёни ширкати "Авикс групп", ширктаи "Равшан", ширкати "Форсаж- ойл", ширкати "Равшан", ширкати "Стройнет" ва Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, ширкати "Руслан" ва шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ширктаи "Форвард" ва Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардид.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот аз густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни вилояти Суғд ва вилояти Липетск изҳори қаноатмандӣ кард.
Раиси вилояти Суғд гуфт, барои ташкили корхонаҳои муштарак ва коркарди пахтаву меваҳои гуногун, истеҳсоли консерва захираҳо вуҷуд дошта, ҷонибҳо метавонанд дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Роҳбари вилоят дар дидор бо сайҳони рус, таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои минтақаҳои ҷолиби сайёҳиву истироҳатӣ буда, омода аст, ки дар чаҳор фасли сол меҳмононро қабул намояд.
Лентаи хабарҳо
0