https://sputnik.tj/20220621/imzoi-21-sozishnomai-hamkori-miyoni-sohibkoroni-sughdu-jizzakh-1049391642.html
Имзои 21 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғду Ҷиззах
Имзои 21 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғду Ҷиззах
Sputnik Тоҷикистон
Миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон 21 созишнома ва меморандум байни корхонаҳои тавлидии ин ду кишвар ба имзо расид
2022-06-21T17:15+0500
2022-06-21T17:15+0500
2022-06-21T20:08+0500
дар тоҷикистон
суғд
соҳибкор
созишнома
имзо
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049391152_0:4:960:544_1920x0_80_0_0_f932a99d341f3f23a625412fffe09545.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки имзои ин бастаи созишномаҳо дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд – 2022” бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев сурат гирифт.“Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд равобитро боз ҳам беҳтар хоҳа кард”, - таъкид доштааст манбаъ.Ҳамчунин мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки созишномаҳо миёни ширкати “Янгиобод бахт агрокластер” -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба имзо расид.Дигар созишномаҳо миёни ширкати “Агрокластер чимгорен”-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо “Намаки Ашт” -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, “Арпасой Голд Текс”-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии “Амир”-и вилояти Суғд, “Quwwat group”-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи “Садаф”-и вилояти Суғд, “Холдинг Текстил”-и вилояти Ҷиззах бо “Наргис Текстил”-и вилояти Суғд, ҶСК “Zomin Kiassder”-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ба имзо расидааст.Инчунин имзои созишномаҳо миёни “Баландҷиззах текстил”-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК Коргоҳи дӯзандагии “Амир”-и вилояти Суғд, Матбааи “Ургенч Тезкор”-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ “Намаки Ашт” ва ширкати таблиғотии “МПринт”-и вилояти Суғд, “Zomin Kiassder”-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ “Модерна керамик Фарғона”-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд сурат гирифтаас.Манбаъ илова кардааст, ки дар доираи ҳамкориҳо ва муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри “Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20220618/sanadi-hamkor-sughd-rusiya-1049322524.html
суғд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049391152_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_166791b91b920665b375796a2766a3e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, узбекистон, соҳибкорон, меморандум, созишнома, имзо
тоҷикистон, суғд, узбекистон, соҳибкорон, меморандум, созишнома, имзо
Имзои 21 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғду Ҷиззах
17:15 21.06.2022 (Навсозишуда: 20:08 21.06.2022) Мақомоти вилоёти Суғди Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон 21 созишнома ва меморандуми байни корхонаҳои тавлидии ин ду кишварро имзо карданд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки имзои ин бастаи созишномаҳо дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд – 2022” бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев сурат гирифт.
“Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд равобитро боз ҳам беҳтар хоҳа кард”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамчунин мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки созишномаҳо миёни ширкати “Янгиобод бахт агрокластер” -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба имзо расид.
Дигар созишномаҳо миёни ширкати “Агрокластер чимгорен”-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо “Намаки Ашт” -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, “Арпасой Голд Текс”-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии “Амир”-и вилояти Суғд, “Quwwat group”-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи “Садаф”-и вилояти Суғд, “Холдинг Текстил”-и вилояти Ҷиззах бо “Наргис Текстил”-и вилояти Суғд, ҶСК “Zomin Kiassder”-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ба имзо расидааст.
Инчунин имзои созишномаҳо миёни “Баландҷиззах текстил”-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК Коргоҳи дӯзандагии “Амир”-и вилояти Суғд, Матбааи “Ургенч Тезкор”-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ “Намаки Ашт” ва ширкати таблиғотии “МПринт”-и вилояти Суғд, “Zomin Kiassder”-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ “Модерна керамик Фарғона”-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд сурат гирифтаас.
Манбаъ илова кардааст, ки дар доираи ҳамкориҳо ва муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри “Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.