https://sputnik.tj/20220621/afzoish-qimat-suzishvori-dizel-sughd-1049376097.html
Афзоиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Суғд
Афзоиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Нархи сӯхти дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд пас аз муътадил шудани нархи бензину газ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт 21.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-21T11:44+0500
2022-06-21T11:44+0500
2022-06-21T14:25+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_0:203:3071:1930_1920x0_80_0_0_0a4fbce99610f8d9ab0ca77977866d30.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати сӯзишвории дизелӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт, гузориш медиҳад хабаргузории "Sugdnews". Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд 1 литр сӯхти дизелӣ 12,30 сомонӣ (қариб 1,14 доллар) нишон дода мешавад, дар ҳоле ки ҳафтаи қаблӣ қимати он 11,80 сомонӣ (ҳудуди 1,08 доллар) буд. Ҳамин тариқ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд нархи дизел 50 дирам боло рафтааст. Дар баробари ин дигар анвои маводи сӯхт - бензин ва гази моеъ бо нархи қаблӣ фурӯхта мешаванд:Ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд, болоравии қимати дизел мустақиман ба ҳаҷми харидории ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дорад. Ёдовар мешавем, ки афзоиши якбораи нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷумҳурӣ аз нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуд, ки ба болоравии он қурби доллар сабаб шуд.Қаблан қимати сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ, бензини АИ-92 ба 12 сомонӣ ва тамғаи АИ-95 то 12,50 сомонӣ боло рафта буд. Бо поин рафтани арзиши доллар нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ коҳиш наёфт.
https://sputnik.tj/20220525/qirghiziston-suzishvori-rusiya-rubl-1048696548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_e1bfce3e8b1f41d999031702454844bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш қимат сӯзишворӣ дизелӣ суғд
афзоиш қимат сӯзишворӣ дизелӣ суғд
Афзоиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Суғд
11:44 21.06.2022 (Навсозишуда: 14:25 21.06.2022) Нархи сӯхти дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд пас аз муътадил шудани нархи бензину газ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати сӯзишвории дизелӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт, гузориш медиҳад хабаргузории "Sugdnews".
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд 1 литр сӯхти дизелӣ 12,30 сомонӣ (қариб 1,14 доллар) нишон дода мешавад, дар ҳоле ки ҳафтаи қаблӣ қимати он 11,80 сомонӣ (ҳудуди 1,08 доллар) буд.
Ҳамин тариқ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд нархи дизел 50 дирам боло рафтааст.
Дар баробари ин дигар анвои маводи сӯхт - бензин ва гази моеъ бо нархи қаблӣ фурӯхта мешаванд:
бензини АИ-92 - 10,70 сомонӣ (0,98 доллар),
бензини АИ-95 - 11,20 сомонӣ (11,03 доллар),
гази моеъ - 6 сомонӣ (0,55 доллар).
Ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд, болоравии қимати дизел мустақиман ба ҳаҷми харидории ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.
Ёдовар мешавем, ки афзоиши якбораи нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷумҳурӣ аз нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуд, ки ба болоравии он қурби доллар сабаб шуд.
Қаблан қимати сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ, бензини АИ-92 ба 12 сомонӣ ва тамғаи АИ-95 то 12,50 сомонӣ боло рафта буд.
Бо поин рафтани арзиши доллар нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ коҳиш наёфт.