Володин: Украина ба ҳеҷ ваҷҳ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия мегӯяд, Украина на танҳо ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо, балки ҳамчун номзад ба узвият ба ин иттиҳод низ мувофиқ нест
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Украина ба ҳеҷ ваҷҳ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо ва ё мақоми номзад мувофиқ нест, хабар медиҳад "ТАСС".
"Украина ба ҳеҷ ваҷҳ на барои узвият дар ҷомеаи Аврупо ва на мақоми номзад мувофиқ нест. Фасоди сартосарӣ, ҷиноятҳои густурда, қудрати олигархӣ ва иқтисоди харобшуда хусусияти Украинаи муосир аст. Ва Аврупо низ инро хуб дарк мекунад. Аммо хоҳиши заиф кардани Русия бартарӣ дорад ", навиштааст Володин дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дипломати рус мӯътақид аст, ки Ғарб натавонистааст "бар зидди Русия то охирин украинӣ мубориза барад".

"Аз ин рӯ, Вашингтон ва Брюссел омода ҳастанд, ки ҳама корро анҷом диҳанд, то даргириҳо идома ёбад. Ин сабаби тасмими ба Украина додани мақоми номзад барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупост", - гуфт ӯ.

Володин бовар дорад, ки натиҷа барои Украина ғамангез хоҳад буд.
"Маркази тасмимгирӣ расман ба Брюссел интиқол дода мешавад. Дар ниҳоят истиқлолияти худро аз даст медиҳад", - афзуд Володин.
День независимости Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Орзуи узвият дар Иттиҳоди Аврупо Украинаро ба вартаи нобудӣ тела медиҳад
Владимир Зеленский рӯзи 28 феврал ариза барои пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупоро имзо кард. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ҳангоми боздидаш аз Киев дар моҳи апрел аз Зеленский хост, то дар ин кишвар барои пайвастшавӣ ба ИА назарпурсӣ сурат гирад.
Ба таъкиди роҳбари Радаи болоии Украина 91 дарсади ҷамъияти ин кишвар аз узвият дар Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Иттиҳоди Аврупо, Владимир Чижов қайд кард, ки мардуми оқил дар Украина ғайривоқеии вуруди барвақт ба Иттиҳоди Аврупоро дарк мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0