https://sputnik.tj/20220619/murojiat-tund-qodirov-rohbaron-kishvarho-saad-1049322962.html
Чаро хомӯшед? Муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД
Чаро хомӯшед? Муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чеченистон СААД-ро дар надоштани мавзеъгирии ягона дар бораи ҳаводиси Украина муттаҳам карда, талаб намуд, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд 19.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-19T11:00+0500
2022-06-19T11:00+0500
2022-06-20T14:41+0500
чеченистон
рамазон қодиров
сарони кишварҳои аъзои саад
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Рамазан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муттаҳам кард, ки дар пасманзари ҳаводиси идомаёфта дар Украина мавқеъ нагирифтаанд. "Сарони кишварҳои СПАД, чаро хомушед, чаро дар бораи ҳамсояҳои худ гап намезанед? <…> Чаро шумо ба муқобили фашистон, ки ниёгонамонро куштанд, мавқеъ надоред? Замоне мо ба муқобили онҳо якҷоя ҷангида будем", - бо таассуф изҳор доштааст Қодиров дар як видеое, ки дар канали Telegram -аш нашр шудааст. Ӯ аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд.Дар идома ӯ суол гузошт, ки Белорус ва Қазоқистонро дар замони барои онҳо мушкил кӣ наҷот дод? Ҷанги Арманистону Озарбойҷонро кӣ хомӯш кард?Ба таъкиди Қодиров, онҳо таҷрибаи хуби ҷангӣ доранд ва дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск натиҷаи хубро нишон медиҳанд."Мо аз давлати худ, халқи худ ва ҳамаи онҳое, ки аз ин шайтонҳо азоб мекашанд, ҳифз мекунем", - таъкид кард Кодиров.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев дар ҳамоиши иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифта буд, изҳор дошт, ки кишвараш истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ - ро намепазирад.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Нерӯҳои украинӣ дар корхонаи "Азот"-и ҶМЛ ба таслимшавӣ шуруъ кардандБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220603/qodirov-amaliyot-ukraina-1048917079.html
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чеченистон, рамазон қодиров, сарони кишварҳои аъзои саад, сиёсат
чеченистон, рамазон қодиров, сарони кишварҳои аъзои саад, сиёсат
Чаро хомӯшед? Муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД
11:00 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:41 20.06.2022) Раҳбари Чеченистон СААД-ро дар надоштани мавзеъгирии ягона дар бораи ҳаводиси Украина муттаҳам карда, талаб намуд, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Рамазан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муттаҳам кард, ки дар пасманзари ҳаводиси идомаёфта дар Украина мавқеъ нагирифтаанд.
"Сарони кишварҳои СПАД, чаро хомушед, чаро дар бораи ҳамсояҳои худ гап намезанед? <…> Чаро шумо ба муқобили фашистон, ки ниёгонамонро куштанд, мавқеъ надоред? Замоне мо ба муқобили онҳо якҷоя ҷангида будем", - бо таассуф изҳор доштааст Қодиров дар як видеое, ки дар канали Telegram -аш нашр шудааст.
Ӯ аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд.
Дар идома ӯ суол гузошт, ки Белорус ва Қазоқистонро дар замони барои онҳо мушкил кӣ наҷот дод? Ҷанги Арманистону Озарбойҷонро кӣ хомӯш кард?
"Албатта, Русия! Аммо вақте Русия ба кумак ниёз дорад, ҳама хомӯшанд", - афзуд кишвардори Чеченистон.
Ба таъкиди Қодиров, онҳо таҷрибаи хуби ҷангӣ доранд ва дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск натиҷаи хубро нишон медиҳанд.
"Мо аз давлати худ, халқи худ ва ҳамаи онҳое, ки аз ин шайтонҳо азоб мекашанд, ҳифз мекунем", - таъкид кард Кодиров.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев дар ҳамоиши иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифта буд, изҳор дошт, ки кишвараш истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ - ро намепазирад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.