https://sputnik.tj/20220603/qodirov-amaliyot-ukraina-1048917079.html
Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард
Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раҳбари Чеченистон, вазири дифои Русия вазифаҳои нав гузоштааст, ки тактикаи амалиёти низомиро такмил медиҳанд ва суръати амалиётро тез мекунанд
2022-06-03T19:01+0500
2022-06-03T19:01+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
рамазон қодиров
дар русия
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_0:0:1233:694_1920x0_80_0_0_bcea85048fc55a386864c420a946c754.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина тезтар ҷараён мегирад. Дар ин бора Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ пас аз мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, вазир "вазифаҳои наверо муайян кард, ки тактикаи минбаъдаро такмил медиҳанд". Шойгу хоҳиш кард, ки "ба ҷангиён барои саҳми арзандаашон дар мубориза бар зидди сохторҳои миллатгаро сипоси ӯро расонам", - гуфт президенти Чеченистон. Ӯ ба вазири дифои Русия барои баҳои баланд додани кори низомиён изҳори сипос кард. "Итминон дорам, ҳамкории минбаъдаи мо имкон медиҳад, самаранокии ҳалли вазифаҳое, ки сарфармондеҳи олӣ ба миён гузоштааст, ба таври назаррас афзоиш ёбад", - хулоса кард Қодиров. Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид."Силоҳи махфӣ"-и Русия низомиёни Украинаро ба даҳшат овардБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.Дар "Азовстал" ҷангҷӯёни пинҳоншудаи украинӣ боздошт шудандҚабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046763451_29:0:1186:868_1920x0_80_0_0_0468624b3a45919ce1f10761d270d0eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, русия, украина, рамазон қодиров
амалиёти вижа, русия, украина, рамазон қодиров
Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард
19:01 03.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ба гуфтаи раҳбари Чеченистон, вазири дифои Русия вазифаҳои нав гузоштааст, ки тактикаи амалиёти низомиро такмил медиҳанд ва суръати амалиётро тасреъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина тезтар ҷараён мегирад. Дар ин бора Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ пас аз мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, вазир "вазифаҳои наверо муайян кард, ки тактикаи минбаъдаро такмил медиҳанд".
"Тадбирҳои андешидашуда имкон медиҳанд, самаранокии машқҳои ҳуҷумӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ба анҷоми амалиёти махсус бо суръати зудтар мусоидат мекунад", - таъкид кард Қодиров.
Шойгу хоҳиш кард, ки "ба ҷангиён барои саҳми арзандаашон дар мубориза бар зидди сохторҳои миллатгаро сипоси ӯро расонам", - гуфт президенти Чеченистон.
Ӯ ба вазири дифои Русия барои баҳои баланд додани кори низомиён изҳори сипос кард.
"Итминон дорам, ҳамкории минбаъдаи мо имкон медиҳад, самаранокии ҳалли вазифаҳое, ки сарфармондеҳи олӣ ба миён гузоштааст, ба таври назаррас афзоиш ёбад", - хулоса кард Қодиров.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.