https://sputnik.tj/20220619/khatlon-foiz-mahsulot-tojikiston-1049331142.html
Хатлон чанд фоизи маҳсулот дар Тоҷикистонро таъмин мекунад?
Хатлон чанд фоизи маҳсулот дар Тоҷикистонро таъмин мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти ҷанубии Тоҷикистон тақрибан беш аз 60%-и маҳсулоти кишоварзӣ, зиёда аз нисфи маҳсулоти чорво ва 90%-и нерӯи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад
2022-06-19T17:20+0500
2022-06-19T17:20+0500
2022-06-19T18:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
хатлон
кишоварзӣ
тавлидот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_0:154:3077:1885_1920x0_80_0_0_be225afc538751e7244e225bef93454c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Хатлон калонтарин минтақаи агросаноатии Тоҷикистон буда, 63% истеҳсоли ғалла, 68%-и пахта, 60%-и сабзавот, 78%-и зироатҳои полизии тавлиди ҷумҳурӣ ба ин минтақа рост меояд.Дар ин бора "Ховар" аз қавли Фирӯза Шарифӣ, ноиби раиси Хатлон, хабар дода, афзудааст, ки ҳамчунин 57%-и истеҳсоли гӯшт, 51%-и истеҳсоли шир дар ҷумҳури ба ин вилоят мансуб аст. Ба иттилои Шарифӣ, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ҳар сол беш аз 270 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 2,5 млн тонна маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавот, ангур ва беш аз 1 млн дона пӯсти чорвои хурду калони шохдор ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Дар мавриди содироти маҳсулот аз Хатлон, Шарифӣ изҳор дошт, ки соли равон аз вилоят ба хориҷи мамлакат зиёда аз 12,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудаст. Аз ҷумла ҷумла тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан маҳсулот ба кишварҳои Русия Беларус, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд.Ба гуфтаи ноиби раиси Хатлон дар вилоят гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро барои истифодаи самаранкои ҳар як ваҷаб замин ба сокинон ба роҳ мондааст.Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран мақомдорони маҳаллиро вазифадор намуд, ки омодагии ҳар оиларо ба фасли сармо таҳти назорат қарор диҳанду дар мавриди он ба роҳбари давлат то 1 октябри соли равон гузориш диҳанд.
https://sputnik.tj/20220619/isrof-nakuned-mansabdoron-namoishgoh-1049328848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_751693fb77e113fba6e17cf3335bf19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ҳаҷм, тавлид, маҳсулот, хатлон
эълон, ҳаҷм, тавлид, маҳсулот, хатлон
Хатлон чанд фоизи маҳсулот дар Тоҷикистонро таъмин мекунад?
17:20 19.06.2022 (Навсозишуда: 18:00 19.06.2022) Вилояти ҷанубии Тоҷикистон тақрибан беш аз 60%-и маҳсулоти кишоварзӣ, зиёда аз нисфи маҳсулоти чорво ва 90%-и нерӯи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Хатлон калонтарин минтақаи агросаноатии Тоҷикистон буда, 63% истеҳсоли ғалла, 68%-и пахта, 60%-и сабзавот, 78%-и зироатҳои полизии тавлиди ҷумҳурӣ ба ин минтақа рост меояд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли Фирӯза Шарифӣ, ноиби раиси Хатлон, хабар дода, афзудааст, ки ҳамчунин 57%-и истеҳсоли гӯшт, 51%-и истеҳсоли шир дар ҷумҳури ба ин вилоят мансуб аст.
Ба иттилои Шарифӣ, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ҳар сол беш аз 270 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 2,5 млн тонна маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавот, ангур ва беш аз 1 млн дона пӯсти чорвои хурду калони шохдор ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Дар мавриди содироти маҳсулот аз Хатлон, Шарифӣ изҳор дошт, ки соли равон аз вилоят ба хориҷи мамлакат зиёда аз 12,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудаст.
Аз ҷумла ҷумла тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан маҳсулот ба кишварҳои Русия Беларус, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд.
Ба гуфтаи ноиби раиси Хатлон дар вилоят гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро барои истифодаи самаранкои ҳар як ваҷаб замин ба сокинон ба роҳ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран мақомдорони маҳаллиро вазифадор намуд, ки омодагии ҳар оиларо ба фасли сармо таҳти назорат қарор диҳанду дар мавриди он ба роҳбари давлат то 1 октябри соли равон гузориш диҳанд.