https://sputnik.tj/20220619/isrof-nakuned-mansabdoron-namoishgoh-1049328848.html
Исроф накунед. Дастури Раҳмон ба мансабдорон дар мавриди намоишгоҳҳо
Исроф накунед. Дастури Раҳмон ба мансабдорон дар мавриди намоишгоҳҳо
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони давлатӣ хост, зимни баргузории намоишгоҳҳо, ки одатан зимни сафарҳояш ба навоҳӣ баргузор мешавад, исроф накунанд
2022-06-19T15:27+0500
2022-06-19T15:27+0500
2022-06-20T14:33+0500
дар тоҷикистон
ҳосил
ғалла
ҷамъоварӣ
иқтисод
исрофкорӣ
намоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/62/1030946254_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_8ad14985265f4b4318ff03d8a8d5bbbb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз ҳад зиёд гузоштани маҳсулот дар намоишгоҳҳо, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ манъ карда шавад.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ дар ноҳияи Данғара дастур дод.Президент аз ҷой доштани исрофкорӣ ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки қабл аз ҳама ба ин корҳо, мақомдорони давлатӣ даст мезананд.“Намоишгоҳҳоеро, ки мегузаронед, минбаъд зиёд гузоштани нонро манъ кардан даркор. Истифодаи ҳаррӯзаи нонро бисёр сарфакорона бояд кард”, - изҳор дошт Раҳмон.Вай бо зикри маҳдудиятҳои содироти ғалла аз қаламрави бархе кишварҳо, мақомдорони ҷумҳуриро муваззаф намуд, ки ҳосили ғалларо бе талаф ҷамъоварӣ намоянду кишти такрорияшро барзиёд ба роҳ монанд.Зимни суҳбат аз ҷамъоварии ҳосили ғалла ва роҳандозии кишти такрорӣ президент аз мақомдорон хост, ҳисоботи хато надиҳанд.Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон мақомдорони маҳаллиро вазифадор намуд, ки омодагии ҳар оиларо ба фасли сармо таҳти назорат қарор диҳанду дар мавриди он ба роҳбари давлат то 1 октябри соли равон гузориш диҳанд.
https://sputnik.tj/20220615/qazoqiston-sodirot-gandum-ord-tamdid-1049208498.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/62/1030946254_158:0:2887:2047_1920x0_80_0_0_c5503d88bcb2b10b72eafe5e9a7b5be5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, раҳмон, мансабдорон, маврид, намоишгоҳ
дастур, раҳмон, мансабдорон, маврид, намоишгоҳ
Исроф накунед. Дастури Раҳмон ба мансабдорон дар мавриди намоишгоҳҳо
15:27 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:33 20.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони давлатӣ хост, зимни баргузории намоишгоҳҳо, ки одатан зимни сафарҳояш ба навоҳӣ баргузор мешаванд, исроф накунанд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз ҳад зиёд гузоштани маҳсулот дар намоишгоҳҳо, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ манъ карда шавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ дар ноҳияи Данғара дастур дод.
Президент аз ҷой доштани исрофкорӣ ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки қабл аз ҳама ба ин корҳо, мақомдорони давлатӣ даст мезананд.
“Намоишгоҳҳоеро, ки мегузаронед, минбаъд зиёд гузоштани нонро манъ кардан даркор. Истифодаи ҳаррӯзаи нонро бисёр сарфакорона бояд кард”, - изҳор дошт Раҳмон.
Вай бо зикри маҳдудиятҳои содироти ғалла аз қаламрави бархе кишварҳо, мақомдорони ҷумҳуриро муваззаф намуд, ки ҳосили ғалларо бе талаф ҷамъоварӣ намоянду кишти такрорияшро барзиёд ба роҳ монанд.
Зимни суҳбат аз ҷамъоварии ҳосили ғалла ва роҳандозии кишти такрорӣ президент аз мақомдорон хост, ҳисоботи хато надиҳанд.
“Худамонро дар ҳисоботҳо фиреб надиҳем”, - изҳор дошт Раҳмон дар хитоб ба мақомдорон ва таъкид намуд, ки вақте дар фасли сармо нархҳо боло мераванд, он гоҳ фоидае надорад.
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон мақомдорони маҳаллиро вазифадор намуд, ки омодагии ҳар оиларо ба фасли сармо таҳти назорат қарор диҳанду дар мавриди он ба роҳбари давлат то 1 октябри соли равон гузориш диҳанд.