https://sputnik.tj/20220615/qazoqiston-sodirot-gandum-ord-tamdid-1049208498.html
Қазоқистон боз маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард
Қазоқистон боз маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро боз барои як моҳи дигар тамдид кард 15.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-15T16:50+0500
2022-06-15T16:50+0500
2022-06-15T16:54+0500
қазоқистон
орд
гандум
содирот
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_0:57:3000:1745_1920x0_80_0_0_e148b0c9cbb9c75fe24b47c6072601bb.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Қазоқистон маҳдудияти содироти ғалла ва ордро то 30 сентябри соли 2022 тамдид кард.Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар медиҳад.Моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Қазоқистон қонуне қабул карда буд, ки тибқи он, барои содироти гандум ва орд то 15 июн маҳдудият ҷорӣ шуда буд.Квота барои содироти гандум аз Қазоқистон 550 ҳазор тонна гандум ва 370 ҳазор донна орд муқаррар шудааст.Бар ивази ин истеҳсолкунандагони гандум ва орд бояд 10%-и онро ба бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаш кунанд.Ёдовар мешавем, ки чунин чораандешӣ барои таъмини амнияти озукавории ин кишвар гирифта мешавад. Мақомоти ҷумҳурӣ аз ҳоло барои тасдиқи тартиби нархгузории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо меандешанд.То 15 июн барои содирот аз Қазоқистон ба миқдори 1 миллион тонна гандум ва 300 ҳазор тонна орд квота мавҷуд буд.Мувофиқи маълумоти Иттиҳодияи ғаллаи Қазоқистон то 13 июн азхудкунии квотаи гандум 69 фоиз, орд — 86 фоизро ташкил медиҳад.Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
https://sputnik.tj/20220526/kishti-gandumi-rusiya-sughd-1048715748.html
https://sputnik.tj/20220608/darav-ghalla-sughd-oghoz-narkh-ord-1049036395.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_323:0:3000:2008_1920x0_80_0_0_45004d74b49fe8caf8902f6ff8993126.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон маҳдудият содирот гандум орд тамдид кард
қазоқистон маҳдудият содирот гандум орд тамдид кард
Қазоқистон боз маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард
16:50 15.06.2022 (Навсозишуда: 16:54 15.06.2022) Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро боз барои як моҳи дигар тамдид кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Қазоқистон маҳдудияти содироти ғалла ва ордро то 30 сентябри соли 2022 тамдид кард.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар медиҳад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Қазоқистон қонуне қабул карда буд, ки тибқи он, барои содироти гандум ва орд то 15 июн маҳдудият ҷорӣ шуда буд.
Квота барои содироти гандум аз Қазоқистон 550 ҳазор тонна гандум ва 370 ҳазор донна орд муқаррар шудааст.
Бар ивази ин истеҳсолкунандагони гандум ва орд бояд 10%-и онро ба бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаш кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чораандешӣ барои таъмини амнияти озукавории ин кишвар гирифта мешавад. Мақомоти ҷумҳурӣ аз ҳоло барои тасдиқи тартиби нархгузории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо меандешанд.
То 15 июн барои содирот аз Қазоқистон ба миқдори 1 миллион тонна гандум ва 300 ҳазор тонна орд квота мавҷуд буд.
Мувофиқи маълумоти Иттиҳодияи ғаллаи Қазоқистон то 13 июн азхудкунии квотаи гандум 69 фоиз, орд — 86 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.