https://sputnik.tj/20220619/barnoma-qabul-ijro-bahs-parlumon-tojikiston-1049335868.html
Барнома қабул шуду иҷро не. Нигарониҳои вазиру вакил дар парлумон
Барнома қабул шуду иҷро не. Нигарониҳои вазиру вакил дар парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 - 2025 ба кундӣ амалӣ шуда истодааст
2022-06-19T21:07+0500
2022-06-19T21:07+0500
2022-06-20T14:15+0500
дар тоҷикистон
маориф
нақша
фан
утоқ
дарс
физика
кимиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/01/1014450191_0:33:1600:933_1920x0_80_0_0_7f9011852e2f6e4a9e7a51593436e0f9.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 - 2025 - ро баррасӣ карданд. Ғиёсиддин Шарифзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, зимни баррасӣ дар парлумон иҷрои барномаро нигаронкунанда арзёбӣ кард. Таъкид шудааст, ки нақшаи барнома дар соли 2021 вобаста ба харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 20% иҷро шудаст. Вакил аз қавли масъулини бахши маориф, яке аз сабабҳои иҷро нагардидани барномаро ҷудо нагаштани маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва мутамарказ набудани маблағгузории барнома арзёбӣ кард. Ӯ аз он гила кард, ки мақомоти иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сарраёсату раёсатҳои молия дар маҳал, барои харидории таҷҳизот ё тарғиби барномаҳои соҳаи маориф маблағ пешбинӣ намекунанд.Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба вакилон гуфт, барои ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои харидории озмоишгоҳ ва кабинетҳои фаннӣ дар 5 соли фаъолияти барнома 124 млну 635 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Ӯ аз нақша барои соли 2021 гуфт, ки барои хариди 68 озмоишгоҳи фанни физика 3,4 млн сомонӣ, 2236 кабинети фаннӣ - 24,6 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо дар амал дар шаҳру навоҳӣ бо харҷи 8,1 млн сомонӣ 471 озмоишгоҳ ва кабинети фаннӣ харидорӣ гардидааст, ки 29%-и нақшаро ташкил медиҳад, изҳор дошт вазир. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ барои харидории 68 озмоишгоҳи фанни химия ва муҷаҳҳаз гардонидани 2177 кабинети фаннӣ бо 27,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардидаст.
https://sputnik.tj/20220614/elon-ikhtisos-purtalab-dovtalabon-tojikiston-1049188324.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/01/1014450191_158:0:1443:964_1920x0_80_0_0_cd0f11e41f7f8851aa0f780ed3bfa848.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ, вазир, вакил, парлумон, иҷроиш, барнома
нигаронӣ, вазир, вакил, парлумон, иҷроиш, барнома
Барнома қабул шуду иҷро не. Нигарониҳои вазиру вакил дар парлумон
21:07 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:15 20.06.2022) Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз барои солҳои 2021-2025 ба кундӣ амалӣ шуда истодааст
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 - 2025 - ро баррасӣ карданд.
Ғиёсиддин Шарифзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, зимни баррасӣ дар парлумон иҷрои барномаро нигаронкунанда арзёбӣ кард.
"Таъмини иҷрои нақшаи барнома барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 нигаронкунанда аст", - овардааст нашрияи "Садои мардум" аз қавли вакил.
Таъкид шудааст, ки нақшаи барнома дар соли 2021 вобаста ба харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 20% иҷро шудаст.
Вакил аз қавли масъулини бахши маориф, яке аз сабабҳои иҷро нагардидани барномаро ҷудо нагаштани маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва мутамарказ набудани маблағгузории барнома арзёбӣ кард.
Ӯ аз он гила кард, ки мақомоти иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сарраёсату раёсатҳои молия дар маҳал, барои харидории таҷҳизот ё тарғиби барномаҳои соҳаи маориф маблағ пешбинӣ намекунанд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба вакилон гуфт, барои ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои харидории озмоишгоҳ ва кабинетҳои фаннӣ дар 5 соли фаъолияти барнома 124 млну 635 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ӯ аз нақша барои соли 2021 гуфт, ки барои хариди 68 озмоишгоҳи фанни физика 3,4 млн сомонӣ, 2236 кабинети фаннӣ - 24,6 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо дар амал дар шаҳру навоҳӣ бо харҷи 8,1 млн сомонӣ 471 озмоишгоҳ ва кабинети фаннӣ харидорӣ гардидааст, ки 29%-и нақшаро ташкил медиҳад, изҳор дошт вазир.
Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ барои харидории 68 озмоишгоҳи фанни химия ва муҷаҳҳаз гардонидани 2177 кабинети фаннӣ бо 27,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардидаст.