Умеди Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия: видео

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Ҳамкориҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону Русия дар ҳоли рушд аст ва интизор меравад, ки нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ аз натиҷаи соли гузашта беҳтар шаванд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамасола афзоиш меёбад.
Дар ин бора сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Ахмедов Шарифҷон дар ҳошиаи Намоишгоҳи байналмиллалии тиҷоратии "Суғд - 2022" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Ба гуфти ӯ, танҳо дар соли 2021 гардиши савдои миёни ин ду кишвар 1,3 миллиард долларро ташкил дод.
"Имсол ин рақам зиёдтар хоҳад шуд", - гуфт Ахмедов Шарифҷон, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, дар ҳошиаи Ярмаркаркаи савдои "Суғд - 2022".
Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби соҳибкорони Русия бо тоҷирони Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани корхонаҳо ва тиҷорати муштарак корбарӣ рафта истодааст.
"Мо умед дорем, ки ин гуна корхонаҳо ва рақамҳо дар солҳои оянда зиёдтар мешавад", - гуфт Ахмедов.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, наздики 70 субъекти Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.
Коренков: Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон аст
Дар зимн иттилоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0