Медведев ба имкони музокирот бо Украина дар моҳи август шубҳа дорад

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия шубҳа дорад, ки Русия "авохири моҳи август" бо касе дар Украина гуфтугӯ кунад ва музокирот барпо шавад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар шарҳи дурнамои азсаргирии музокирот бо Украина, авохири моҳи август, изҳори ҳайрат кард, ки бо кӣ ва дар бораи чӣ музокирот хощад буд, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Раҳбари гурӯҳи музокиротӣ аз Украина имкон медонад, ки музокирот бо Русия охири моҳи август аз сар гирифта шавад. Суоле ба миён меояд, ки оё мавзуъе бораи музокирот хоҳад буд", - навиштааст Медведев дар шабакаи Telegramm-и худ.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вывоз сдавшихся в плен украинских военных и боевиков с Азовстали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0