https://sputnik.tj/20220616/amaliyot-rusiya-ukraina-anjom-1049237630.html
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ҶМД гуфт, кай Русия амалиёти вижаи низомии ҳифзи Донбассро ба охир мерасонад. Дар ин масъала ӯ бо вакили Думаи давлатӣ ҳамфикр аст
2022-06-16T16:10+0500
2022-06-16T16:10+0500
2022-06-16T20:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
денис пушилин
анҷом
амалиёт
ҷмд
ҷмл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534494_0:240:3214:2048_1920x0_80_0_0_a823310b03333dc18a27069fe959f8d0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина шояд то охири соли 2022 анҷом шавад. Дар ин бора раисҷумҳурии мардумии Донетск Денис Пушилин изҳор дошт. Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабарнигори РИА Новости аз сиёсатмадор пурсид, ки оё ӯ ба назари Адам Делимхонов, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия шарик аст ё хайр? Қаблан вакили порлумон изҳори умедворӣ карда буд, ки амалиёти вижаи ҳифзи Донбасс то охири соли ҷорӣ анҷом ёбад. Раҳбари ҶМД ба фикри ӯ розӣ шуд. Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд". Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд. Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220616/pushilin-khostor-ozodsozi-shahrho-rusi-ukraina-1049235917.html
украина
ҷмд
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534494_428:0:3159:2048_1920x0_80_0_0_0fb003b7b75cef5a30e6d08590d73df6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёт, анҷом
русия, украина, амалиёт, анҷом
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД
16:10 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:55 16.06.2022) Раҳбари ҶМД гуфт, кай Русия амалиёти вижаи низомии ҳифзи Донбассро ба охир мерасонад. Дар ин масъала ӯ бо вакили Думаи давлатӣ ҳамфикр аст
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия дар Украина шояд то охири соли 2022 анҷом шавад. Дар ин бора раисҷумҳурии мардумии Донетск Денис Пушилин изҳор дошт.
Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабарнигори РИА Новости аз сиёсатмадор пурсид, ки оё ӯ ба назари Адам Делимхонов, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия шарик аст ё хайр?
Қаблан вакили порлумон изҳори умедворӣ карда буд, ки амалиёти вижаи ҳифзи Донбасс то охири соли ҷорӣ анҷом ёбад. Раҳбари ҶМД ба фикри ӯ розӣ шуд.
"Ман ба ин умедворам", - гуфт Пушилин.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.