https://sputnik.tj/20220617/viloyat-maskav-tojikiston-1049280964.html
Вилояти Маскав хостори харидории маҳсулоти бештари Тоҷикистон шуд
Вилояти Маскав хостори харидории маҳсулоти бештари Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба вилоятҳои Маскав ва Свердловск миқдори рекордии дархостҳо дарёфт кард
2022-06-17T17:20+0500
2022-06-17T17:20+0500
2022-06-17T20:28+0500
вилояти назди маскав
иқтисод
дар тоҷикистон
дар русия
тиҷорат
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323872_0:155:3077:1885_1920x0_80_0_0_eb3612c4fe103faf7b47e730ecc1ae0b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Меваю сабзавоти Тоҷикистон дар бозорҳои Русия баҳои мусбат гирифт, гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ. Ҳамин тавр, 92 дарсади маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия воридшаванда аз вилояти Суғд фиристода мешавад. Имсол ба намояндагии тиҷорӣ аз шабакаҳои федеролӣ, аз ҷумла аз вилоятҳои Маскав ва Свердловск, барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ миқдори рекордии дархостҳо ворид шудааст, ин маънои онро дорад, ки дар соли 2022 ҳаҷми ҳамкорӣ боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кишварҳо дар соли 2021 гардиши савдои рекордӣ доштанд, ки беш аз 1,3 миллиард доллар ташкилдод.Танҳо соли гузашта 69 субъекти Русия бо сектори савдои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ карда, афзоиши ҳаҷми савдои Русия 5 фоизро ташкил дод. Содироти машинасозй, чубу тахта (23 фоиз) ва дигар молҳо, инчунин импорт ба андозаи баробар афзуд. "Ҳаҷми муомилоти мутақобила бо вилояти Суғд дар соли гузашта беш аз 260 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл тақрибан 100 миллион доллар бештар аст. Ин аллакай қариб 20 дарсади ҳаҷми умумии гардиши мол байни кишварҳоро ташкил медиҳад", - гуфт Коренков. Интиқол аз Русия ба Суғд низ ба 240 миллион доллар ва қариб 19% ҳаҷми умумии содироти Русия расидааст. Намояндаи тиҷоратии Русия қайд кард, ки фаъолияти намояндагӣ ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки қариб 60%-и содиркунандагони бузургтарини масолеҳи сохтмонӣ низ аз Суғд мебошанд. Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзудЁдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдои "Суғд-2022" ҷараён дорад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳ аллакай суханронӣ кардааст. Дар миёни меҳмонон раиси вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, инчунин сафирони Озарбойҷон, Туркия, Белорус, Қазоқистон ва намояндаи ваколатдори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Илова бар ин, ба форуми иқтисодӣ зиёда аз 400 нафар соҳибкорон аз 8 кишвари ҷаҳон омадаанд.
https://sputnik.tj/20220617/korenkov-rusiya-hamkori-beshtar-tojikiston-1049269778.html
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323872_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_bda8c5f79825ccc569eaa6ea24b388e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, русия, тоҷикистон, вилояти маскав
иқтисод, русия, тоҷикистон, вилояти маскав
Вилояти Маскав хостори харидории маҳсулоти бештари Тоҷикистон шуд
17:20 17.06.2022 (Навсозишуда: 20:28 17.06.2022) Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба вилоятҳои Маскав ва Свердловск ба миқдори рекордӣ дархост дарёфт кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Меваю сабзавоти Тоҷикистон дар бозорҳои Русия баҳои мусбат гирифт, гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр, 92 дарсади маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия воридшаванда аз вилояти Суғд фиристода мешавад.
Имсол ба намояндагии тиҷорӣ аз шабакаҳои федеролӣ, аз ҷумла аз вилоятҳои Маскав ва Свердловск, барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ миқдори рекордии дархостҳо ворид шудааст, ин маънои онро дорад, ки дар соли 2022 ҳаҷми ҳамкорӣ боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кишварҳо дар соли 2021 гардиши савдои рекордӣ доштанд, ки беш аз 1,3 миллиард доллар ташкилдод.
"Русия мавқеи пешсафии худро дар рӯйхати шарикони тиҷоратӣ қадр мекунад ва омода аст барои нигоҳ доштани онҳо дар саросари кишвар талош кунад", - хулоса кард Коренков.
Танҳо соли гузашта 69 субъекти Русия бо сектори савдои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ карда, афзоиши ҳаҷми савдои Русия 5 фоизро ташкил дод.
Содироти машинасозй, чубу тахта (23 фоиз) ва дигар молҳо, инчунин импорт ба андозаи баробар афзуд.
"Ҳаҷми муомилоти мутақобила бо вилояти Суғд дар соли гузашта беш аз 260 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл тақрибан 100 миллион доллар бештар аст. Ин аллакай қариб 20 дарсади ҳаҷми умумии гардиши мол байни кишварҳоро ташкил медиҳад", - гуфт Коренков.
Интиқол аз Русия ба Суғд низ ба 240 миллион доллар ва қариб 19% ҳаҷми умумии содироти Русия расидааст.
Намояндаи тиҷоратии Русия қайд кард, ки фаъолияти намояндагӣ ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки қариб 60%-и содиркунандагони бузургтарини масолеҳи сохтмонӣ низ аз Суғд мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдои "Суғд-2022" ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳ аллакай суханронӣ кардааст.
Дар миёни меҳмонон раиси вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, инчунин сафирони Озарбойҷон, Туркия, Белорус, Қазоқистон ва намояндаи ваколатдори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд.
Илова бар ин, ба форуми иқтисодӣ зиёда аз 400 нафар соҳибкорон аз 8 кишвари ҷаҳон омадаанд.