Путин: Русия метавонад содироти ғалларо афзоиш диҳад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе ПМЭФ-2022
Президент РФ В. Путин принял участие в работе ПМЭФ-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург эълон кард, ки кишвараш метавонад содироти ғалларо бамаротиб афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Владимир Путин дар ин ҳамоиши иқтисодӣ гуфт, ки Русия имкон дорад содироти маводи ғизоӣ ва нерӯҳои минералиро ба маротиб афзоиш диҳад.
Вай гуфт Русия имкон дорад содироти ғалларо ба бозорҳои ҷаҳонӣ дар мавсими баъдӣ то 50 миллион тонн афзоиш диҳад.
Ҳамзамон Владимир Путин дар ин ҳамоиши иқтисодӣ гуфт, ки Русия ба содироти ғаллаи Украина монеа эҷод накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, изҳороте, ки гӯё Русия ба содироти ғалла аз бандарҳои Украина иҷоза намедиҳад, як дурӯғ аст.
Президент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин: Мақомот қадам ба қадам вазъи иқтисодиро ба эътидол меорад
Президенти Русия гуфт, борҳо ба хамаи ҳамтоёнаш изҳор дошт, ки бигзор минаҳоро тоза кунанд ва киштиҳо пур аз ғалла аз бандарҳо бароянд.
"Мо бе ягон мушкили ба обҳои байналмилали гузариши осоиштаи онҳоро кафолат медиҳем", - гуфт ӯ.
Путин таъкид кард, ки Русия убури осоиштаро таъмин, амнияти наздикшавӣ ба бандарҳои назоратшавандаро кафолат медиҳад ва вуруди киштиҳои хориҷӣ ва ҳаракати онҳоро дар соҳили баҳрҳои Азов ва Сиёҳ ба ҳар самт таъмин хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург баргузор шудааст, ки дар соҳибкорони хориҷиву дохилӣ иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0