Путин: Мақомот қадам ба қадам вазъи иқтисодиро ба эътидол меорад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме
Президент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ гуфт, ҳукумати кишвар қадам ба қадам вазъи иқтисодиро ба эътидол меоранд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши иқтисодии Петербур, ки имрӯзҳо дар шаҳри Санкт-петербурги Русия баргузор мешавад, эълон кард, ки вазъи иқтисодии Русия рӯ ба беҳбудӣ аст.
“Ҳукумат қадам ба қадам вазъи иқтисодии кишварро ба эътидол оварданд”, - гуфт Владимир Путин раисҷумҳури кишвар.
Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, ки ба вазъияти иктисодиёт бояд поквиҷдонона баҳо дод ва ба нерӯи худ бояд бовар кард.
Русия аз уҳдаи ҳар гуна душвориҳо баромада метавонад ва ҳар як мушкилиро ҳал хоҳад кард.
Отражение мужчины на фоне флага ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин бовар дорад, ки вазъ дар Аврупо боиси тағйири элитаҳо мешавад
“Мехоҳам таъкид намоям ки барои минбаъд ба даст овардани муваффақият мо бояд вазъиятро то ҳадди имкон воқеъбинона ва воқеӣ арзёбӣ кунем, дар хулосаи худ мустақил бошем, албатта, ба нерӯи худ бояд бовар кунем, ин хеле муҳим аст. Мо мардуми тавоно ҳастем ва бо ҳар мушкилот мубориза мебарем ва мисли аҷдодони худ ҳама мушкилотро ҳал хоҳем кард, тамоми таърихи ҳазорсолаи кишвари мо дар ин бора мегӯяд", гуфт Путин.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, ки таваррум дар Русия дар ҳоли коҳишёбист.
Владимир Путин гуфт, ки таваррум дар Русия коҳиш меёбад ва динамикаи иқтисодӣ мӯътадил мешавад.
"Пас аз се моҳи ҷори намудани бастаи таҳримҳо, мо болоравии таваррумро пас аз як авҷи то 17,8 дарсад рафъ кардем, ҳоло таваррум дар сатҳи 16,7 дарсад қарор гирифтааст аст ва коҳишашро идома дорад. Динамикаи вазъи иқтисодӣ мӯътадил аст", - гуфт Путин дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург.
Лентаи хабарҳо
0