Никонов: Украина то вурудаш ба Иттиҳодияи Аврупо аз байн хоҳад рафт

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВячеслав Никонов, архивное фото
Вячеслав Никонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Вакили парлумони Русия мегӯяд, Киев узвияташ ба Иттиҳодияи Аврупоро дар қиёс ба Анкара бештар интизор мешавад, аммо то он замон Украина эҳтимол аз байн равад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вячеслав Никонов, вакили парлумон, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ гуфт, қарори Комиссияи Аврупо дар бораи додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ба Украина танҳо тавсияи ин созмон аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба гуфтаи вай, Украина эҳтимол то расидан ба марҳалаи вурудаш ба Иттиҳодияи Аврупо ба унвони як давлат "аз байн равад".
Комиссияи Аврупо ахиран расман эълон кард, ки ба Украина мақоми номзад ба Иттиҳодияи Аврупоро тавсия додааст.
Ин тасмимро раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои 23-24 июн қабул хоҳанд кард.
"Ин танҳо тавсияи Иттиҳодияи Аврупо аст. Барои тасмим ризоият лозим нест, вагарна ҳадди ақал Ҳолнад ва Дания мухолифи он ҳастанд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо ин мақомро ба Украина намедиҳанд. Ҳатто агар ногаҳон диҳанд ҳам... Туркия аз соли 1999 ба ин сӯ номзад аст. Украина бояд зиёдтар интизор шавад. Ва ин кишвар он қадар умр намебинад", - таъкид кард вакили парлумони Русия.
Вывоз сдавшихся в плен украинских военных и боевиков с Азовстали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? Посухи раҳбари ҶМД
Вай илова кард, ки ҳар тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои ширкаткунандагон "танҳо аҳамияти ахлоқӣ" дошта метавонад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0