https://sputnik.tj/20220617/neruho-ukrain-korkhona-azot-jml-taslimshavi-shuru-1049299295.html
Нерӯҳои украинӣ дар корхонаи "Азот"-и ҶМЛ ба таслимшавӣ шуруъ карданд
Нерӯҳои украинӣ дар корхонаи "Азот"-и ҶМЛ ба таслимшавӣ шуруъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз низомиёни украинӣ, ки дар корхонаи "Азот"-и Северодонетск муҳосира шудаанд, омодаанд, ки силоҳҳои худро ихтиёран ба замин гузоранд. 17.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-17T21:40+0500
2022-06-17T21:40+0500
2022-06-17T21:40+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
ҷангҷӯён
таслим
амният ва мудофиа
ҷмл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534579_0:31:3055:1749_1920x0_80_0_0_c9a224cd659ecf3a33408144b5038d8f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Нерӯҳои украинии корхонаи "Азот" -и Северодонетск ба таслим шудан шурӯъ карданд.Дар ин бора подполковники милитсияи Ҷумҳурии Мардумии Луганск Андрей Марочко хабар дод.Марочко тавзеҳ дод, ки ба далели амниятӣ мақомоти ҶМЛ теъдоди таслимшудагон ва намояндагии кадом воҳидҳоро ифшо намекунанд, зеро дар Северодонетск отрядҳо кор мекунанд ва мумкин аст фишор болои наздикони низомиён сурат бигирад.Манобеи РИА "Новости" аз қавли раиси ҶМЛ Леонид Пасечник хабар медиҳад, ки тибқи ҳисобҳо, дар корхонаи "Азот" то ҳазор нафар миллатгароёни украинӣ қарор доранд.Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти вазорати корҳои дохилии ҶМЛ дар он ҷо зархаридони ИМА, Англия ва Лаҳистон низ пинҳон шудаанд.Комбинати кимиёии "Азот" дар Северодонетски ҶМЛ воқеъ аст. Дар аснои озодкунии шаҳр артиш ва нерӯҳои муттаҳидони Русия пеши ҷангҷӯёни украиниро дар қаламрави ин корхона муҳосира карданд.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220617/rusiya-azov-kharkov-takhrib-1049277003.html
украина
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534579_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_514bd5088756d7bb6c73ecce39378a43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, ҷангҷӯён, таслим, амният ва мудофиа, ҷмл
украина, ҷангҷӯён, таслим, амният ва мудофиа, ҷмл
Нерӯҳои украинӣ дар корхонаи "Азот"-и ҶМЛ ба таслимшавӣ шуруъ карданд
Бархе аз низомиёни украинӣ, ки дар корхонаи "Азот"-и Северодонетск муҳосира шудаанд, омодаанд, ки силоҳҳои худро ихтиёран ба замин гузоранд.
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Нерӯҳои украинии корхонаи "Азот" -и Северодонетск ба таслим шудан шурӯъ карданд.
Дар ин бора подполковники милитсияи Ҷумҳурии Мардумии Луганск Андрей Марочко хабар дод.
"Дар ҷараёни як амалиёти вижаи низомӣ дар ҳудуди корхонаи "Азот" дар шаҳри Северодонетск воқеан бархе аз низомиёни украинӣ тасмими дуруст гирифта, ба таслим шудан шурӯъ карданд", - гуфт ӯ.
Марочко тавзеҳ дод, ки ба далели амниятӣ мақомоти ҶМЛ теъдоди таслимшудагон ва намояндагии кадом воҳидҳоро ифшо намекунанд, зеро дар Северодонетск отрядҳо кор мекунанд ва мумкин аст фишор болои наздикони низомиён сурат бигирад.
Манобеи РИА "Новости" аз қавли раиси ҶМЛ Леонид Пасечник хабар медиҳад, ки тибқи ҳисобҳо, дар корхонаи "Азот" то ҳазор нафар миллатгароёни украинӣ қарор доранд.
Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти вазорати корҳои дохилии ҶМЛ дар он ҷо зархаридони ИМА, Англия ва Лаҳистон низ пинҳон шудаанд.
Комбинати кимиёии "Азот" дар Северодонетски ҶМЛ воқеъ аст. Дар аснои озодкунии шаҳр артиш ва нерӯҳои муттаҳидони Русия пеши ҷангҷӯёни украиниро дар қаламрави ин корхона муҳосира карданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.