https://sputnik.tj/20220617/rusiya-azov-kharkov-takhrib-1049277003.html
Низомиёни Русия қароргоҳи "Азов"-ро дар вилояти Харков тахриб карданд
Низомиёни Русия қароргоҳи "Азов"-ро дар вилояти Харков тахриб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо як ҳамлаи мушакӣ қароргоҳи "Азов"-ро дар вилояти Харков тахриб карданд
2022-06-17T16:31+0500
2022-06-17T16:31+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
тахриб
мушак
амалиёт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042255903_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_592941b8b061bdfeda42ede7c2b0ae21.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия бо мушакҳои дақиқи баландпарвоз қароргоҳи сохтори миллии "Азов"-ро дар минтақаи аҳолинишини Песочини вилояти Харков нобуд карданд.Дар ин бора, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-лейтенант Игор Конашенков хабар дод."Мушакҳои дақиқи баландпарвози ҳавоӣ ба 18 минтақаи тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи низомӣ, инчунин даҳ мавқеъи тирандозии путхонаии Украина, аз ҷумла шаш "Град" дар минтақаҳои Зайтсево, Курдимовка, Дзержинск, Бахмут, Артёмово ва Очеретино дар як рӯз зада шуданд. Дар ноҳияи Песочини вилояти Харков қароргоҳи миллатгароёни "Азов" тахриб карда шуд", - гуфт ӯ.Ғайр аз ин, дар наздикии минтақаҳои аҳолинишини Спорное ва Вемка дар ҶМД ду анбори аслиҳаи мушакҳои тупхонаӣ ва лавозимоти ҷангй нест карда шуд.Рӯзи гузашта нерӯҳои дифои ҳавоӣ як ҳавопаймои ҳамлаи Су-25-и Украина ва ҳафт ҳавопаймои бидуни сарнишинро сарнагун кунанд. Онҳо инчунин як мушаки "Точка-У"-ро дар ҶМЛ ва 21 адад мушакии чандинкаратаи "Ураган" дар вилоятҳои Херсон ва Харковро боздошт карданд.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220616/pushilin-khostor-ozodsozi-shahrho-rusi-ukraina-1049235917.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042255903_213:0:2944:2048_1920x0_80_0_0_8c8b2cb421f3d8096bf9caf284d86f8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, вазорати дифоъ, тахриб,
русия, украина, вазорати дифоъ, тахриб,
Низомиёни Русия қароргоҳи "Азов"-ро дар вилояти Харков тахриб карданд
16:31 17.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо як ҳамлаи мушакӣ қароргоҳи "Азов"-ро дар вилояти Харков тахриб карданд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия бо мушакҳои дақиқи баландпарвоз қароргоҳи сохтори миллии "Азов"-ро дар минтақаи аҳолинишини Песочини вилояти Харков нобуд карданд.
Дар ин бора, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-лейтенант Игор Конашенков хабар дод.
"Мушакҳои дақиқи баландпарвози ҳавоӣ ба 18 минтақаи тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи низомӣ, инчунин даҳ мавқеъи тирандозии путхонаии Украина, аз ҷумла шаш "Град" дар минтақаҳои Зайтсево, Курдимовка, Дзержинск, Бахмут, Артёмово ва Очеретино дар як рӯз зада шуданд. Дар ноҳияи Песочини вилояти Харков қароргоҳи миллатгароёни "Азов" тахриб карда шуд", - гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, дар наздикии минтақаҳои аҳолинишини Спорное ва Вемка дар ҶМД ду анбори аслиҳаи мушакҳои тупхонаӣ ва лавозимоти ҷангй нест карда шуд.
Рӯзи гузашта нерӯҳои дифои ҳавоӣ як ҳавопаймои ҳамлаи Су-25-и Украина ва ҳафт ҳавопаймои бидуни сарнишинро сарнагун кунанд. Онҳо инчунин як мушаки "Точка-У"-ро дар ҶМЛ ва 21 адад мушакии чандинкаратаи "Ураган" дар вилоятҳои Херсон ва Харковро боздошт карданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.