Дархости махфии Макрон, Шолтс ва Драги аз Зеленский дар бораи Русия ошкор шуд

© AP / Natacha PisarenkoПремьер-министр Италии Марио Драги, президент Украины Владимир Зеленский, президент Франции Эммануэль Макрон и канцлер Германии Олаф Шольц (слева направо) стоят перед входом в Мариинский дворец в Киеве
Премьер-министр Италии Марио Драги, президент Украины Владимир Зеленский, президент Франции Эммануэль Макрон и канцлер Германии Олаф Шольц (слева направо) стоят перед входом в Мариинский дворец в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Роҳбарони сиёсӣ ба Украина дасти холӣ наомадаанд: ҳар кадоме бо худ барнома овардааст. Ҳамчунин сиёсатмадоронро хоҳиши аз байн бурдани буҳрон муттаҳид кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Зимни сафар ба Киев раҳбарони Олмон, Фаронса ва Итолиё “паси дарҳои баста” аз раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский даъват карданд, ки бо Русия сари мизи музокирот нишинад. Дар ин бора Die Welt менависад.
Дар маводи ин нашрия омадааст, ки Олаф Шолс, Эммануэл Макрон ва Марио Драгӣ аз додани мақоми номзад ба узвияти ИА ба Украина ҷонибдорӣ кардаанд.
"Дар иваз, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо "дар паси дарҳои баста" ба эҳтимоли зиёд Зеленскийро водор карданд, ки сари мизи музокира бо президенти Русия Владимир Путин нишинанд", - таъкид мекунад Die Welt.
Муаллиф хотиррасон кард, ки зарари калоне, ки ин буҳрон ба Аврупо расонд, торафт меафзояд. Барои мақомоти давлатӣ ҷуброни зарари иқтисодӣ мушкил аст.
Масалан, ба таварруме, ки ба дарачаи рекордй расидааст, таъсир расонда наметавонанд. Роҳбарони Аврупои Ғарбӣ ба Киев барномаҳои худро овардаанд, мегӯяд муаллиф. Масалан, Макрон мехост, ки "мавқеи худро равшан кунад".
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Зеленский ба таври ғайридипломатӣ алайҳи Меркел сухан гуфт
Ба гуфтаи муаллифи Die Welt, президенти Фаронса дар ҳафтаҳои охир ба як “прагматист” табдил ёфт, ки бештар аз анҷоми буҳрон нигарон буд, на аз тамомияти Украина.
Дар навбати худ, сарвазири Итолиё Драгӣ кӯшиш кард, ки Румро ҳамчун яке аз фаъолони асосии Иттиҳоди Аврупо нишон диҳад.
Сиёсатмадоронро як мақсади умумӣ муттаҳид мекунад: онҳо мехоҳанд буҳронеро, ки ба кишварҳояшон бемайлон зарба мезанад, зудтар хотима диҳанд, гуфт дар хотима рӯзноманигор.
Песков: ИМА бояд фикр кунад, ки ба миллионҳо одамони гурусна чӣ бигӯяд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шолтс, Макрон ва Драги аз Киев боздид карда, бо Зеленский мулоқот карда буданд. Ҳамчунин, президенти Руминия Клаус Йоханнис низ ба Украина омад.
Лентаи хабарҳо
0