Зеленский ба таври ғайридипломатӣ алайҳи Меркел сухан гуфт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит Восточного партнерства
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Раҳбари Украина дар бораи Ангела Меркел, садри аъзами собиқи Олмон ва иртибот бо ӯ ба далели равобити бад бо Олмон ғайридипломатӣ ҳарф зад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Владимир Зеленский, президенти Украина ба садри аъзами собиқи Олмон "ҳамлаи хашин" кард.
Дар ин бора шореҳи маҷаллаи "Spiegel" Сюзанн Байер менависад.
Ба навиштаи муаллиф, раҳбари Украина дар мусоҳибаи ахири худ бо шабакаи телевизионии олмонии ZDF на танҳо аз раҳбари феълии ҳукумати Олмон Олаф Шолтс, балки аз Ангел Меркел низ интиқод кардааст.

"Ба гуфтаи Зеленский, муносибатҳои байни ҳукуматҳои Олмон ва Украина хеле пеш аз канслер шудани Шолс беэътимод шуданд. Ин изҳоротро метавон ҳамчун ҳамлаи кӯбанда ба садри аъзами собиқ Ангела Меркел арзёбӣ кард", - қайд мекунад Байер.

Қаблан Зеленский ба Шолтс муроҷиат карда, аз Олмон даъват кард, ки кӯшиши ҳифзи тавозун дар равобити Берлин бо Маскав ва Киевро бас кунад.
Вай ҳатто Олмонро барои он сарзаниш кард, ки ба кумаки Украина назар ба дигар давлатҳои ғарбӣ - Бритониё ва кишварҳои шарқи ИА, ҳамчунин Иёлоти Муттаҳида дертар расид.
Ёдовар мешавем, қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки садри аъзами Олмон, Марио Драгӣ, нахуствазири Италия ва Эммануэл Макрон, раиси Ҷумҳурии Фаронса ният доранд, рӯзи 16 июн вориди Киев шаванд.
Глава Республики Крым Сергей Аксенов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Масхарабозӣ: вокуниши роҳбари Қрим ба иддаои Зеленский
Ҳамзамон Шолтс изҳор дошт, ки ба Украина рафтанӣ нест, зеро раҳбари он қаблан аз қабули раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер худдорӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ИМА ва муттаҳидонаш дар НАТО интиқоли силоҳ ба Киевро қатъ накардаанд.
Мақомоти Украина пайваста аз сустии ирсоли кумакҳои низомӣ шикоят мекунанд. Русия борҳо гуфтааст, ки кумаки низомӣ ба Украина танҳо даргириро тамдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0