https://sputnik.tj/20220617/lukashenko-iqtisodi-belarus-muqobila-tahrimho-1049299577.html
Лукашенко: Иқтисоди Беларус тавони муқобила бо таҳримҳоро дорад
Лукашенко: Иқтисоди Беларус тавони муқобила бо таҳримҳоро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Беларус иддао дорад, ки иқтисоди кишвараш тавони муқобила бо таҳримҳоро дорад, ҳамчуни имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст
2022-06-17T22:00+0500
2022-06-17T22:00+0500
2022-06-17T22:00+0500
беларус
аврупо
ғарб
таҳримҳо
александр лукашенко
дар ҷаҳон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048490074_0:0:2997:1686_1920x0_80_0_0_1bcb7012fc315c84919c3ec09d6d108f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, иқтисоди кишвараш тавони муқобила ба таримҳои кишварҳои Ғарбиро дорад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Лукашенко гуфт, ки белорусҳо як миллати дорои технологияҳои баланд ва дониш ҳастанд, ки метавонанд рақобат кунанд."Мо рақобат мекунем. Барои он ки иқтисоди мо зинда монад, мо ҳама чизро дорем. Аҳолӣ, мутахассис, роҳбар, қудрат. Мо мисли шумо ҳастем. Мо зинда мемонем, на танҳо ба далеле, ки ҷое барои рафтан нест, балки барои он ки мо медонем, ки чӣ тавр зинда монем. Аммо муҳимтар аз ҳама, имрӯз барои мо талабот аст”, - таъкид кард ӯ.Лукашенко гуфт, кишварҳои Ғарб дар корхонаҳои Беларус рақиби худро мебинад ва ҳама ангезаҳои дигар, бахусус, мавзӯи ҳуқуқи башар, танҳо баҳонаи фишору таҳримҳост."Ин ҳама афсона, шиор аст. Намегӯянд, ки мо туро буғӣ мекунем, барои он ки шумо чарх месозед. Ин хандаовар аст. Ҳуқуқи инсон дар онҷо нест, дар онҷо диктатура доред ва ғайра. Акнун мебинед, ки ҳуқуқи инсон чист”, - таъкид кард Лукашенко.Кишварҳои ғарбӣ тадриҷан алайҳи мақомот ва корхонаҳои Беларус таҳримот ҷорӣ карда.Ғарб Минскро ба нақзи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2020 ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунад. Марҳилаи нави тавсеаи таҳримҳои Ғарб ба далели пуштибонии Минск аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, ки 24 феврали соли ҷорӣ оғоз шуд, сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20220612/imzoi-sozishnoma-hamkori-amonatbonk--bonk-belarus-1049128339.html
беларус
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048490074_68:0:2797:2047_1920x0_80_0_0_403e8c366c108f3661f73d429f651667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус, лукашенко, таҳримҳо, тавоноӣ, муқобила, минск, иқтисод
беларус, лукашенко, таҳримҳо, тавоноӣ, муқобила, минск, иқтисод
Лукашенко: Иқтисоди Беларус тавони муқобила бо таҳримҳоро дорад
Роҳбари Беларус иддао дорад, ки иқтисоди кишвараш тавони муқобила бо таҳримҳоро дорад, ҳамчунин имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, иқтисоди кишвараш тавони муқобила ба таримҳои кишварҳои Ғарбиро дорад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Мо сабр мекунем, таҳаммул хоҳем кард, мо дар ин ҷаҳон танҳо нестем. Ҷаҳон тағйир меёбад. Ҷаҳон ҳатто дар тӯли ду сол комилан тағйир хоҳад ёфт. Мо тоқат мекунем, хавотир нашавед", - гуфт Лукашенко дар суҳбат бо коргарони корхонаи “Белшина”-и шахри Бобруйск.
Лукашенко гуфт, ки белорусҳо як миллати дорои технологияҳои баланд ва дониш ҳастанд, ки метавонанд рақобат кунанд.
"Мо рақобат мекунем. Барои он ки иқтисоди мо зинда монад, мо ҳама чизро дорем. Аҳолӣ, мутахассис, роҳбар, қудрат. Мо мисли шумо ҳастем. Мо зинда мемонем, на танҳо ба далеле, ки ҷое барои рафтан нест, балки барои он ки мо медонем, ки чӣ тавр зинда монем. Аммо муҳимтар аз ҳама, имрӯз барои мо талабот аст”, - таъкид кард ӯ.
Лукашенко гуфт, кишварҳои Ғарб дар корхонаҳои Беларус рақиби худро мебинад ва ҳама ангезаҳои дигар, бахусус, мавзӯи ҳуқуқи башар, танҳо баҳонаи фишору таҳримҳост.
"Ин ҳама афсона, шиор аст. Намегӯянд, ки мо туро буғӣ мекунем, барои он ки шумо чарх месозед. Ин хандаовар аст. Ҳуқуқи инсон дар онҷо нест, дар онҷо диктатура доред ва ғайра. Акнун мебинед, ки ҳуқуқи инсон чист”, - таъкид кард Лукашенко.
Кишварҳои ғарбӣ тадриҷан алайҳи мақомот ва корхонаҳои Беларус таҳримот ҷорӣ карда.
Ғарб Минскро ба нақзи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2020 ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунад. Марҳилаи нави тавсеаи таҳримҳои Ғарб ба далели пуштибонии Минск аз амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, ки 24 феврали соли ҷорӣ оғоз шуд, сурат гирифт.