https://sputnik.tj/20220616/amniyat-iqtisod-olimov-shsh-1049247357.html
Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт
Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дипломати тоҷик дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург аз вазъи феълии ҳамкориҳо дар Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат карда, афзуд, ки имкониятҳо ҳанӯз зиёданд
2022-06-16T19:00+0500
2022-06-16T19:00+0500
2022-06-16T21:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
созмони ҳамкории шанхай
рашид олимов
ҳамкорӣ
форум
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102212/54/1022125414_0:415:2902:2047_1920x0_80_0_0_e41941821d6dddcd388f0b4bedc2b2eb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қаблан бештар ба масоили амниятӣ такя мекард, тайи солҳои охир рӯ ба иқтисоду тиҷорат овардааст. Ин нуктаро Рашид Олимов, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай зимни ҳамоиши иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург баён дошт. Ба гуфтаи Олимов, феълан ҳудуди 40 санад дар ҳоли коркард қарор доранд, ки интизор меравад, ба баррасии роҳбарони давлатҳо дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон пешниҳод гарданд. Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли равон дар Самарқанд дар назар аст. Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири СҲШ гуфт, аксари санадҳои таҳияшаванда дар ҳоли ҳозир дар доираи ин созмон ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ марбут мебошанд. Албатта масоили амниятӣ, аз ҷумла Афғонистону баъзе фаъолиятҳои террористиро дар доираи созмон касе сарфи назар намекунад, аммо майлони бузурге ба иқтисодиёту тиҷорат ҷой дорад, афзуд Рашид Олимов. Ӯ ҳамчунин аз стратегияи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ дар доираи СҲШ то соли 2030 зикр намудаст, ки феълан дар ҳоли коркард қарор дошта, барои баррасӣ ба доираи коршиносон пешниҳод хоҳад шуд. Вай таъкид намуд, ки феълан зарфиятҳои зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай боқӣ мондаанд. Феълан созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20220519/zas-spad-ba-tahkimi-hamkoriho-bo-shsh-umed-dorad-1048554180.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102212/54/1022125414_48:147:2581:2047_1920x0_80_0_0_6702b6e48195369a1cbb9eec59b412d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рашид олимов, ҳамкорӣ, созмони ҳамкории шанхай
рашид олимов, ҳамкорӣ, созмони ҳамкории шанхай
Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт
19:00 16.06.2022 (Навсозишуда: 21:14 16.06.2022) Дипломати тоҷик дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург аз вазъи феълии ҳамкориҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай суҳбат карда афзуд, ки имкониятҳо ҳанӯз зиёданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қаблан бештар ба масоили амниятӣ такя мекард, тайи солҳои охир рӯ ба иқтисоду тиҷорат овардааст.
Ин нуктаро Рашид Олимов, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай зимни ҳамоиши иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург баён дошт.
Ба гуфтаи Олимов, феълан ҳудуди 40 санад дар ҳоли коркард қарор доранд, ки интизор меравад, ба баррасии роҳбарони давлатҳо дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон пешниҳод гарданд. Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли равон дар Самарқанд дар назар аст.
Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири СҲШ гуфт, аксари санадҳои таҳияшаванда дар ҳоли ҳозир дар доираи ин созмон ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ марбут мебошанд.
Албатта масоили амниятӣ, аз ҷумла Афғонистону баъзе фаъолиятҳои террористиро дар доираи созмон касе сарфи назар намекунад, аммо майлони бузурге ба иқтисодиёту тиҷорат ҷой дорад, афзуд Рашид Олимов.
Ӯ ҳамчунин аз стратегияи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ дар доираи СҲШ то соли 2030 зикр намудаст, ки феълан дар ҳоли коркард қарор дошта, барои баррасӣ ба доираи коршиносон пешниҳод хоҳад шуд.
Вай таъкид намуд, ки феълан зарфиятҳои зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай боқӣ мондаанд.
Феълан созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.