Дар сохтмонҳои Русия дигар камбуди муҳоҷир нест

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты работающие на стройках. Архивное фото
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Дар Русия нақша доранд, ки ҷалби коргарони дигар кишварҳоро дар пасманзари мубориза бо маҳдудиятҳое, ки ИМА ва Аврупо ҷорӣ кардаанд, густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия нашри хабарҳо дар бораи камбуди муҳоҷиронро қатъ кардаанд.
Дар ин бора Ирек Файзуллин, вазири сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин ниҳод муроҷиати марбут ба нарасидани коргарони хориҷӣ қатъ шудааст.

"Вазорати сохтмон дар реҷаи муқаррарӣ он тадбирҳоеро, ки қаблан эълон шуда буданд, роҳандозӣ карда истодааст. Дар баробари ин, мо шикоят намешунавем (дар бораи нарасидани қувваи корӣ - шарҳ аз идора.)", - таъкид кард Файзуллин.

Вай қайд кард, ки дар пасманзари таҳримҳои Ғарб ин ниҳод роҳҳои нави ҷалби муҳоҷиронро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Вазир истисно накард, ки мутахассисони ҳиндӣ дар сохтмонҳои Русия пайдо мешаванд.
Дорога в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври оммавӣ Екатеринбургро тарк мекунанд: сабаб чист?
Гурӯҳи кории байниидоравии ҳукумат "бо муҳоҷирони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле рӯшан кор мекунад", - гуфт Файзуллин дар суҳбат бо РИА "Недвижимость".
Ёдовар мешавем, ки дар соҳаи сохтмон дар Русия пас аз пандемияи коронавирус муддати тӯлонӣ нарасоии қувваи корӣ вуҷуд дошт. Он ба сабаби бастани марзҳо ва натавонистани ҷалби коргарони хориҷӣ ба вуҷуд омада буд.
Бархе аз муҳоҷирон бояд фавран Русияро тарк кунанд
Вазорати сохтмони Русия нарасидани коргаронро аз 1,2 то 5 миллион нафар ҳисоб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0