https://sputnik.tj/20220616/javobgari-tahqir-elbasi-qazoqiston-khorij-1049238831.html
Моддаи ҷавобгарӣ барои таҳқири элбаси аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон хориҷ мешавад
Моддаи ҷавобгарӣ барои таҳқири элбаси аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон хориҷ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон дигар барои таҳқири Элбаси ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашанд. Чунин модда аз Кодекси ҷиноии ин кишвар хориҷ мешавад
2022-06-16T16:50+0500
2022-06-16T16:50+0500
2022-06-16T20:45+0500
қазоқистон
нурсултон назарбоев
сиёсат
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_8ea7b02c697b54f4a1b7b90060e957ae.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Моддаи масъулият барои таҳқири элбаси Нурсултон Назарбоев аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон хориҷ карда мешавад. Дар Кодекси ҷиноятии феълии феълии ин кишвар моддаи 373 "Таҳқири оммавӣ ва дигар таҳдидот ба шаъну шарафи президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбаси, таҳқири тасвири Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – элбоши, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – элбаси", - пешбинӣ шудааст. Вазири адлия Қанат Мусин зимни посух ба суолҳои хабарнигорон гуфт, ки ин модда бекор карда мешавад.Рӯзноманигорон ҳамчунин аз вазири адлия пурсиданд, ки оё Назарбоев метавонад барои аъмоли дар замони раёсати ҷумҳурӣ содиркардааш ҷавоб диҳад? "Тибқи Сарқонун президенти Қазоқистон танҳо барои хиёнат ба давлат ҷавобгар аст, аммо барои ҷиноятҳои дигар ҷавобгар нест. ", - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 июн дар Қазоқистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсия баргузор шуд. Бо лағви қонун "Дар бораи президенти нахустин" муқаррарот дар бораи мақоми раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев аз қонуни асосии кишвар хориҷ карда шудааст.Тибқи ин тағйирот, ваколатҳои зиёди президент, аз ҷумла дахлнопазирии Назарбое мн Дар навбати худ, аз моддаи 91 ибора дар бораи президенти нахустин ҳамчун асосгузори Қазоқистони соҳибистиқлол ва бетағйир будани мақоми ӯ ба унвони элбаси (пешвои миллат) хориҷ карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220609/nazarboev-siyosat-dakholat-senat-qazoqiston-1049059248.html
қазоқистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_183:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_383026019944490919713de747bf1121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавобгарӣ таҳқир элбас қазоқистон
ҷавобгарӣ таҳқир элбас қазоқистон
Моддаи ҷавобгарӣ барои таҳқири элбаси аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон хориҷ мешавад
16:50 16.06.2022 (Навсозишуда: 20:45 16.06.2022) Дар Қазоқистон дигар барои таҳқири элбаси афродро ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашанд. Чунин модда аз Кодекси ҷиноии ин кишвар хориҷ мешавад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Моддаи масъулият барои таҳқири элбаси Нурсултон Назарбоев аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон хориҷ карда мешавад.
Дар Кодекси ҷиноятии феълии феълии ин кишвар моддаи 373 "Таҳқири оммавӣ ва дигар таҳдидот ба шаъну шарафи президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбаси, таҳқири тасвири Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – элбоши, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – элбаси", - пешбинӣ шудааст.
Вазири адлия Қанат Мусин зимни посух ба суолҳои хабарнигорон гуфт, ки ин модда бекор карда мешавад.
"Дар бораи ҷавобгарӣ барои таҳқири президенти кишвар як моддаи дигаре ҳаст, боқӣ мемонад, аммо дар бораи элбаси моддаи алоҳида нахоҳад буд", - гуфт ӯ.
Рӯзноманигорон ҳамчунин аз вазири адлия пурсиданд, ки оё Назарбоев метавонад барои аъмоли дар замони раёсати ҷумҳурӣ содиркардааш ҷавоб диҳад?
"Тибқи Сарқонун президенти Қазоқистон танҳо барои хиёнат ба давлат ҷавобгар аст, аммо барои ҷиноятҳои дигар ҷавобгар нест. ", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 июн дар Қазоқистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсия баргузор шуд.
Бо лағви қонун "Дар бораи президенти нахустин" муқаррарот дар бораи мақоми раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев аз қонуни асосии кишвар хориҷ карда шудааст.
Тибқи ин тағйирот, ваколатҳои зиёди президент, аз ҷумла дахлнопазирии Назарбое мн
Дар навбати худ, аз моддаи 91 ибора дар бораи президенти нахустин ҳамчун асосгузори Қазоқистони соҳибистиқлол ва бетағйир будани мақоми ӯ ба унвони элбаси (пешвои миллат) хориҷ карда мешавад.