Назарбоев ба сиёсат дахолат мекунад ё на? Посухи Сенати Қазоқистон

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев
Президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Президенти аввали Қазоқистон дигар дар сиёсати ин кишвар нақше надорад ва дар қабули қарорҳои муҳим низ бо ӯ машварат намешавад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Президенти аввалини Қазоқистон ба сиёсати давлатӣ дахолат намекунад, мегӯяд Мавлон Ашимбоев, раиси Сенати Қазоқистон.
Ӯ ин нуктаро дар просух ба ин суол, ки оё Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустин ба масоили сиёсии ин кишвар дахолат мекунад, изҳор дошт.
Пас аз анҷоми ҷаласаи палата рӯзноманигорон аз Ашимбоев пурсиданд, ки оё Нурсултон Назарбоев ягон кори давлатиро ҳал мекунад?

"Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз ба сиёсат дахолат намекунад. Шояд худатон ҳам бубинед. Ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун раисҷумҳури аввал ба сиёсати кишвар дахолат намекунад", - посух дод Ашимбоев.

Мавсуф гуфт, ки ӯ метавонад дар корҳои бузург, аз қабили раъйпурсӣ, интихобот ҳамчун шаҳрванди кишвар ширкат кунад.
"Ҳама масъалаҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳал мешаванд", - таъкид кард Ашимбоев.
Ашимбоев ҳамзамон гуфт, барои қабули ин ё он тасмими муҳим бо раисҷумҳури собиқ машварат сурат намегирад.
"Мо бо раисҷумҳури аввал машварат намекунем, чунин тадбир вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир тамоми шохаҳои қудрат, тамоми мақомоти давлатӣ салоҳиятҳои худро дар сатҳи қонунгузорӣ амалӣ мекунанд", - гуфт раиси Сенат.
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Назарбоев гуфт, ки аз ислоҳот ба Сарқонун дар бораи мақомаш ҳимоят мекунад
Номбурда гуфт, мақоми раисҷумҳури пешин ҳимоят ва имтиёзҳои онҳоро Конститутсия танзим мекунад ва вакилон қасд надоранд, дар ин бахш Қонуни Асосиро тағйир диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки раъйпурсии охирин оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Қазоқистон бахше аз салоҳиятҳои президенти нахустинро бекор мекунад.
Қаблан дар Сарқонуни ин кишвар банде мавҷуд буд, ки на танҳо Нурсултон Назарбоев, балки наздиктарин хешовандони ӯро низ аз ҷавобгарии ҷиноӣ муҳофизат мекард.
Лентаи хабарҳо
0