Фиреби кардани ду ҷавони тоҷик бо ваъдаи муҳоҷират ба ИМА

© PixabayДеньги, доллары
Деньги, доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Ду сокини пойтахти Тоҷикистон дар фиреби сокинони ноҳияи Тоҷикобод айбдор мешаванд. Ба ивази маблағи ҳангуфт муҳоҷират ба ИМА-ро ваъда кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ду ҷавони тоҷик 44 ҳазор доллар пардохт кардаанд, то ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷир шаванд, аммо фиреб хӯрдаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғози тафтишот алайҳи ду марди 36-сола, сокинони шаҳри Душанбе хабар додаст, ки дар қаллобӣ бо ваъдаи муҳоҷират ба ИМА муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ду сокини пойтахт аз 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд.
Бо ҳамин роҳу ваъда ҳамчунин аз ҷавони 24-солаи дигари сокини ноҳияи Тоҷикобод, низ ҳанӯз моҳи январи соли 2021 маблағи 22-ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, манфиати шахсияшон сарф кардаанд.
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Бархе аз муҳоҷирон бояд фавран Русияро тарк кунанд
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар Тоҷикистон афроди муттаҳам дар қаллобӣ боздошт шуда буданд, ки бо ваъдаи ташкили муҳоҷират ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои ғарбӣ аз шаҳрвандон маблағ мегирифтаанд.
Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошта буд, ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - тавзеҳ дод ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
Лентаи хабарҳо
0