Шералӣ Кабир дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург суханронӣ мекунад

 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Аз Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар баробари намояндагони даҳҳо давлати дунё дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург вазири Ҳукумати Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
Аз Тоҷикистон дар ҳамоиш мазкур Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард ва интизор меравад, ки дар доираи он рӯзи 16 июн суханронӣ кунад, хабар дод "Ховар".
Ҳамоиши мазкур таҳти унвони "Ҷаҳони нав - имкониятҳои тоза" аз 15 то 18 июн идома хоҳад дошт. Иштирокдорон аз таъмини суботи иқтисодӣ дар шароити навин, таҳкими ҳамгироӣ ва дигар масоилро баррасӣ хоҳанд кард.
Инчунин дар назар аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 17 июн дар ҳамоиши мазкур иштирок кунад. Ба иттилои сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, президент дар бораи таъсири таҳримҳо ба ин кишвар ва ҷаҳон хоҳад гуфт.
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт
Ёдрас менамоем, ин ҳамоиши иқтисодӣ дар Санкт-Петербург яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки тайи 25 соли охир гузаронда мешавад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамасола баргузор мешавад.
Соли гузашта дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург 13 ҳазор намоянда аз 140 кишвари ҷаҳон иштирок дошт.
Дар форуми соли гузашта низ намояндагони Тоҷикистон низ ширкат карданд, аз ҷумла дабири кулли пешини СҲШ Рашид Алимов. Ӯ дар ин форум дар мавзуи "Ҳуқуқҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ" маърӯза кард.
Ҳамчунин дар ин форум Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ иштироку суханронӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0