https://sputnik.tj/20220615/qoida-yagona-rahimzoda-rushd-munosibot-1049206754.html
Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт
Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари пешини Бонки миллӣ иқдомро барои таҳкими равобит бо Ӯзбекистон ном бурдаст
2022-06-15T15:40+0500
2022-06-15T15:40+0500
2022-06-15T17:35+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
шариф раҳимзода
додугирифт
гардиши мол
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_64c9684e4f08663aad128a4bcb89af83.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Барои таҳкими минбаъдаи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ, таъсиси ширкатҳои лизингӣ, қабули қавонини ягонаи савдою ҳамоҳангӣ миёни мақомот зарур аст. Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, вазири пешини рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" таъкид кардааст. Ба гуфтаи Раҳимзода, нахуст бояд самарабахшии фаъолияти инвеститсионӣ, махсусан дар заминаи ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад. Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд. Ӯ муҳим хондааст, ки лоиҳаҳои муштарак бо мақсади азхудкунии сармояи табиии минтақа, пешниҳоди хидматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт, алоқа, телекоммуникатсия, маориф ва тандурустӣ роҳандозӣ гарданд. "Дар бахши бонкӣ вақти он расидааст, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд", - афзуд вай. Собиқ вазири рушди иқтисоду савдо ҳамчунин зарур донистааст, ки ташикли долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи онҳо барои интиқоли маҳсулот ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя густариш дода шавад.Коркарди меъёру қоидаҳои ягонаи савдо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари минтақа ҷиҳати рушди бозори умумии минтақавӣ аз пешниҳодҳои дигари Шариф Раҳимзода мебошанд. Ин пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 рӯй ба рушд ниҳода, додугирифти мол миёни ду кишвар аз ҳадди ним миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст. Мирзиёев ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон, ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни ду кишвар то ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонда шавад.
https://sputnik.tj/20220603/iqtisod-amniyat-rahmon-mirziyoev-1048894786.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_337:0:1564:920_1920x0_80_0_0_ce53bd6358ab6512853f4718dcf65648.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири рушди иқтисоду савдо, тоҷикистон, бонки миллӣ, равобит
вазири рушди иқтисоду савдо, тоҷикистон, бонки миллӣ, равобит
Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт
15:40 15.06.2022 (Навсозишуда: 17:35 15.06.2022) Вазири пешини рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари Бонки миллӣ дар гузашта иқдомот барои таҳкими равобит бо Ӯзбекистонро ном бурдааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Барои таҳкими минбаъдаи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ, таъсиси ширкатҳои лизингӣ, қабули қавонини ягонаи савдою ҳамоҳангӣ миёни мақомот зарур аст.
Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, вазири пешини рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" таъкид кардааст.
Ба гуфтаи Раҳимзода, нахуст бояд самарабахшии фаъолияти инвеститсионӣ, махсусан дар заминаи ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад.
Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд.
Ӯ муҳим хондааст, ки лоиҳаҳои муштарак бо мақсади азхудкунии сармояи табиии минтақа, пешниҳоди хидматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт, алоқа, телекоммуникатсия, маориф ва тандурустӣ роҳандозӣ гарданд.
"Дар бахши бонкӣ вақти он расидааст, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд", - афзуд вай.
Собиқ вазири рушди иқтисоду савдо ҳамчунин зарур донистааст, ки ташикли долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи онҳо барои интиқоли маҳсулот ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя густариш дода шавад.
Коркарди меъёру қоидаҳои ягонаи савдо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари минтақа ҷиҳати рушди бозори умумии минтақавӣ аз пешниҳодҳои дигари Шариф Раҳимзода мебошанд.
Ин пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 рӯй ба рушд ниҳода, додугирифти мол миёни ду кишвар аз ҳадди ним миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст.
Мирзиёев ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон, ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни ду кишвар то ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонда шавад.