https://sputnik.tj/20220316/rukhshona-rahmon-malika-britoniy-etimodnoma-supurd-1046846333.html
Чаканпӯшу ҳамроҳ бо шавҳар: Рухшонаи Эмомалӣ ба маликаи Бритониё эътимоднома супурд
Чаканпӯшу ҳамроҳ бо шавҳар: Рухшонаи Эмомалӣ ба маликаи Бритониё эътимоднома супурд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш омадаст
2022-03-16T16:53+0500
2022-03-16T16:53+0500
2022-03-16T18:43+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рухшона
эътимоднома
бритониёи кабир
малика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046846204_0:37:1200:712_1920x0_80_0_0_5bd755cb65f9092b3e37798cd1bc18c9.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супорид. Бар асоси акси нашркардаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Рухшонаи Эмомалӣ ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ҳозир шуда, худи чорабинӣ аз тариқи видеоӣ сурат гирифтаст. ВУХ афзуд, ки сафири нав таманниёти Эмомалӣ Раҳмонро ба малика Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани малика расонид.Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолиро Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта имзо карда буд. Рухшонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи корӣ дар мақомоти умури хориҷии кишварро дорад. Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд.Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё кор мекард.Ӯ дар мақоми сафир Халифазода Масъудро иваз намуд, ки ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифаи сафирӣ озод гардид.
https://sputnik.tj/20220302/tayini-safiri-nav-tojikiston-rahmon-etimodnoma-1046421869.html
бритониёи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046846204_72:0:1200:846_1920x0_80_0_0_004d51c0e1996b4812d71ec95b422783.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рухшонаи эмомалӣ, вазорати умури хориҷӣ, малика, бритониёи кабир
рухшонаи эмомалӣ, вазорати умури хориҷӣ, малика, бритониёи кабир
Чаканпӯшу ҳамроҳ бо шавҳар: Рухшонаи Эмомалӣ ба маликаи Бритониё эътимоднома супурд
16:53 16.03.2022 (Навсозишуда: 18:43 16.03.2022) Сафири нави Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш омадааст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супорид.
Бар асоси акси нашркардаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Рухшонаи Эмомалӣ ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ҳозир шуда, худи чорабинӣ аз тариқи видеоӣ сурат гирифтаст.
ВУХ афзуд, ки сафири нав таманниёти Эмомалӣ Раҳмонро ба малика Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани малика расонид.
"Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бритониёи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолиро Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта имзо карда буд.
Рухшонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи корӣ дар мақомоти умури хориҷии кишварро дорад. Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд.
Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё кор мекард.
Ӯ дар мақоми сафир Халифазода Масъудро иваз намуд, ки ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифаи сафирӣ озод гардид.