Нархи билети қатораи Душанбе - Тошканд маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПосадка пассажиров на скоростной поезд "Афросиаб" на вокзале города Самарканд
Посадка пассажиров на скоростной поезд Афросиаб на вокзале города Самарканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Сар аз 20 июн алоқа аз тариқи роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро барқарор ва қатораҳо байни пойтахтҳо ба ҳаракат шуруъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Нархи чиптаи қатораи Душанбе - Тошканд, ки қарор аст, ҳафтаи оянда миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳаракат кунад, маълум шуд.

"Қимати роҳкиро аз 381,4 ҳазор сӯм (тақрибан 35 доллар) оғоз шуда, қимати он вобаста ба замони хариди чипта фарқ мекунад", - хабар медиҳад хадамоти матбуотии Роҳи оҳани Ӯзбекистон.

Маълум аст, ки қатораи рақами 301/302 21 соат дар роҳ буда, тӯли сафар 916 километр мебошад.
Он аз шаҳрҳои Ӯзбекистон – Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах ва Гулистон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон мегузарад.
Поездҳои мусофирбарӣ рӯзҳои душанбе аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба вақти маҳаллӣ вориди пойтахти Ӯзбакистон мешаванд.
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Аз Тошканд ҳамин қатор дар ҳамон рӯз соати 16:15 ба самти муқобил ҳаракат карда, нимаи дуюми рӯзи чоршанбе ба Душанбе бармегардад.
Барои ҳамлу нақл 10 вагон, аз ҷумла як вагон ресторан, 4 купе ва 5 курсии ҷудошуда пешбинӣ шудааст.
Билетро аз хазинаи роҳи оҳан ё аз яке аз ду сомонаи роҳи оҳани Ӯзбекистон харидан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки эҳёи иртибот аз тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳо пас аз дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, рӯзи 2 июни соли 2022 дар Тошканд эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0