https://sputnik.tj/20220603/tojikiston-uzbekiston-roh-ohan-dushanbe-toshkand-1048895749.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои равуои боз ҳам осонтари сокинони кишварҳо ба мусофирати рафтубаргашти шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳурӣ аз тариқи қатора иҷозат... 03.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-03T11:05+0500
2022-06-03T11:05+0500
2022-06-03T13:04+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Аз 20 июни соли равон қатораи мусофирбар дар масири Тошканд – Душанбе ба кор шуруъ мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоташ бо Шавкат Мирзиёев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо ҳамзамон имкони азсаргирии иртиботот аз тариқи роҳи оҳан ба дигар шаҳрҳои бузургро баррасӣ мекунанд.Президенти Тоҷикистон бо зикри дастовардҳо дар умури мусофирбарӣ ва боркашонӣ гуфт, ки шаҳрвандони мо имкон доранд, ки ба кишварҳои ҳамдигар озодона сафар кунанд. "Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Низоми муомилоти озоди молу хидматрасонӣ таъмин карда шуд. Хаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзуд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Ҳамчунин раҳбарони кишварҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва эҷоди инфрасохтори замонавии логистика, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20220603/tojikiston-uzbekiston-roh-ohan-dushanbe-toshkand-1048895749.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, сиёсат , ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, сиёсат , ҳамкорӣ
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
11:05 03.06.2022 (Навсозишуда: 13:04 03.06.2022) Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои равуои боз ҳам осонтари сокинони кишварҳо ба мусофирати рафтубаргашти шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳурӣ аз тариқи қатора иҷозат медиҳанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Аз 20 июни соли равон қатораи мусофирбар дар масири Тошканд – Душанбе ба кор шуруъ мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоташ бо Шавкат Мирзиёев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо ҳамзамон имкони азсаргирии иртиботот аз тариқи роҳи оҳан ба дигар шаҳрҳои бузургро баррасӣ мекунанд.
"Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани роҳи оҳан ба рӯйи мусофирони пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямонро баррасӣ намоем", - афзуд раисҷумҳур.
Президенти Тоҷикистон бо зикри дастовардҳо дар умури мусофирбарӣ ва боркашонӣ гуфт, ки шаҳрвандони мо имкон доранд, ки ба кишварҳои ҳамдигар озодона сафар кунанд.
"Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Низоми муомилоти озоди молу хидматрасонӣ таъмин карда шуд. Хаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзуд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин раҳбарони кишварҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва эҷоди инфрасохтори замонавии логистика, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.