https://sputnik.tj/20220615/ima-shikast-noguzir-ukraina-1049214609.html
Дар ИМА аз шикасти ногузири Украина гуфтанд
Дар ИМА аз шикасти ногузири Украина гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Полковники артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикасти режими Киевро ногузир номид. Ӯ гуфт, аз нуқтаи назари низомӣ, ҳеҷ роҳи пирӯзии ин кишвар вуҷуд надорад 15.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-15T19:30+0500
2022-06-15T19:30+0500
2022-06-15T20:19+0500
дар ҷаҳон
украина
има
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041719608_0:0:2959:1665_1920x0_80_0_0_c135dfc5ae268bc61095ab3bef006a36.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Режими Киев дар натиҷаи амалиёти махсуси низомии Русия барои озод кардани Донбасс мағлуб хоҳад шуд, менависад полковники мустаъфии артиши ИМА Дэниел Дэвис дар мақолае барои "19Fortyfive". Тавре ӯ ёдовар шуд, аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа кишварҳои ғарбӣ ба эъмоли таҳримҳои ҷиддие алайҳи Русия шуруъ карданд ва ба манзури ҷилавгирӣ аз Маскав ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина захираҳои бузурги аслиҳа гузоштанд."Ҳоло беш аз пеш маълум мешавад, ки чунин стратегия барбод меравад", - гуфт полковник.Ҳафтаи равон нашрияи бритониёии "The Independent" порчаҳоро аз гузориши ифшошуда аз Киев мунташир кард, ки воқеияти шадиди нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро тасвир мекунад. Тибқи иттилои ин санад, артиши Украина аллакай аксари техникаи низомии замони шӯравиро аз даст додааст ва ба норасоии шадиди хумпора дучор шудааст, гуфта мешавад дар ин матлаб. "Барои Ғарб таъмин кардани аслиҳаи вазнин ва лавозимоти ҷангии калибркалон дар ҷиҳати эҷоди мувозинати низомӣ дар Украина қариб ғайриимкон хоҳад буд. Ҳатто мушакҳои муосир, ки баназдикӣ аз ҷониби ИМА ва Британияи Кабир муаррифӣ шудаанд, вазъро ба таври ҷиддӣ тағйир намедиҳад", - хулоса кард Дэвис. Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал дар Украина амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд. Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220615/medvedev-ukraina-kharita-nopadid-1049204417.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041719608_4:0:2735:2048_1920x0_80_0_0_36cfeff63ff5dc728e22db9201df6161.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, украина, има, амният ва мудофиа
дар ҷаҳон, украина, има, амният ва мудофиа
Дар ИМА аз шикасти ногузири Украина гуфтанд
19:30 15.06.2022 (Навсозишуда: 20:19 15.06.2022) Полковники артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикасти режими Киевро ногузир номид. Ӯ гуфт, аз нуқтаи назари низомӣ, ҳеҷ роҳи пирӯзии ин кишвар вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Режими Киев дар натиҷаи амалиёти махсуси низомии Русия барои озод кардани Донбасс мағлуб хоҳад шуд, менависад полковники мустаъфии артиши ИМА Дэниел Дэвис дар мақолае барои "19Fortyfive".
"Аз нуқтаи назари низомӣ, ҳеҷ роҳи оқилонаи пирӯзии Украина вуҷуд надорад", - гуфт ин афсари амрикоӣ.
Тавре ӯ ёдовар шуд, аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа кишварҳои ғарбӣ ба эъмоли таҳримҳои ҷиддие алайҳи Русия шуруъ карданд ва ба манзури ҷилавгирӣ аз Маскав ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина захираҳои бузурги аслиҳа гузоштанд.
"Ҳоло беш аз пеш маълум мешавад, ки чунин стратегия барбод меравад", - гуфт полковник.
Ҳафтаи равон нашрияи бритониёии "The Independent" порчаҳоро аз гузориши ифшошуда аз Киев мунташир кард, ки воқеияти шадиди нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро тасвир мекунад.
Тибқи иттилои ин санад, артиши Украина аллакай аксари техникаи низомии замони шӯравиро аз даст додааст ва ба норасоии шадиди хумпора дучор шудааст, гуфта мешавад дар ин матлаб.
"Барои Ғарб таъмин кардани аслиҳаи вазнин ва лавозимоти ҷангии калибркалон дар ҷиҳати эҷоди мувозинати низомӣ дар Украина қариб ғайриимкон хоҳад буд. Ҳатто мушакҳои муосир, ки баназдикӣ аз ҷониби ИМА ва Британияи Кабир муаррифӣ шудаанд, вазъро ба таври ҷиддӣ тағйир намедиҳад", - хулоса кард Дэвис.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал дар Украина амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд. Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида шуд.