Тамоюли Русия ва Туркия ба сармоягузорӣ дар бахши энержии Афғонистон

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Намояндагони ширкатҳои русӣ ва туркӣ дар дидор бо мақомоти толиб дар хусуси сармоягузорӣ дар бахши энержии Афғонистон ибрози омодагӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Хамис Махянов, раиси гурӯҳи ширкатҳои энержии Русия дар дидор бо Орифуллоҳи Ориф, муовини вазири обу энержии толибони алоқаи худро ба сармоягузорӣ дар бахши тавлиди энержӣ дар Афғонистон иброз кард.
Вазорати обу энержии Афғонистон дар иттилоияе эълом кард, ки дар ин дидори ду тараф перомуни сармоягузорӣ дар пружаҳои тавлиди энержӣ дар Афғонистони баҳсу табодул назар карданд.
Бар асоси ин иттилоияи раиси гуруҳи ширкатҳои энержии Русияи алоқаи худро ба сармоягузорӣ дар иҷрои пружаҳои тавлиди энержӣ аз манобеи зуғол сангу дигари манобеи тавлиди энержӣ дар Афғонистон иброз кардааст.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд
Ориф низ дар ин дидор бар ҳамоҳангии бештару оғози иқдомоти амалӣ ҷиҳати анҷоми ҳамкориҳои муштарак таъкид кардааст.
Вазортати обу энержии толибон низ хабар медиҳад ки намояндаи ширкат "Амин Электроситӣ"-и Туркия дар дидор бо Орифи зимни ибрози тамоюл барои сармоягузорӣ рӯй пружаҳои тавлиди энержӣ дар Афғонистони хостори ҳамкории ҳайати ҳокимаи ин кишвар дар ростои фароҳамсозӣ тасҳилот шудааст.
Лентаи хабарҳо
0