https://sputnik.tj/20220612/tojikistonu-pokiston-afghoniston-manfiathoi-mushtarak-1049141599.html
Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд
Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбе ва Исломобод вобаста ба вазъи Афғонистон манфиати муштарак доранд
2022-06-12T20:05+0500
2022-06-12T20:05+0500
2022-06-14T19:36+0500
дар тоҷикистон
покистон
афғонистон
манфиат
муштарак
сиёсат
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_e313dec082c87b4e21db09e79f462db6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар мусоҳибае дар “Radio Pakistan” таъкид доштааст, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ҷаноби сафир афзуд, ки талошҳои кишварҳои ҳамсоя ба он равона шудааст, ки ҳар як кишвар аз робитаҳои минтақавӣ пурра истифода намояд.Инчунин сафири Тоҷикистон дар Покистон зикр кардааст, ки танҳо як роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад.Сафири кишвар пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибон барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.Ҳамзамон сафири Тоҷикистон аз нақши Чин дар раванди истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар изҳори назар кард.Ба гуфтаи вай, Душанбе ва Пекин бо дарназардошти манофеи Чин дар Афғонистон сари ин масъала кор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220612/abdulloh-abdulloh-ba-afghoniston-bargash-1049131106.html
покистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_379:236:2794:2048_1920x0_80_0_0_d7e57915d468d6c1582a8246e48d0c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, афғонистон, ҳамкорӣ, манфиат, муштарак, вазъ
тоҷикистон, покистон, афғонистон, ҳамкорӣ, манфиат, муштарак, вазъ
Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд
20:05 12.06.2022 (Навсозишуда: 19:36 14.06.2022) Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мусоҳибае гуфтааст, ки Душанбе ва Исломобод дар робита ба вазъи Афғонистон манфиати муштарак доранд
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар мусоҳибае дар “Radio Pakistan” таъкид доштааст, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҷаноби сафир афзуд, ки талошҳои кишварҳои ҳамсоя ба он равона шудааст, ки ҳар як кишвар аз робитаҳои минтақавӣ пурра истифода намояд.
“Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст”, - гуфт Исматулло Насриддин.
Инчунин сафири Тоҷикистон дар Покистон зикр кардааст, ки танҳо як роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад.
Сафири кишвар пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибон барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.
Ҳамзамон сафири Тоҷикистон аз нақши Чин дар раванди истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, Душанбе ва Пекин бо дарназардошти манофеи Чин дар Афғонистон сари ин масъала кор мекунанд.