Ду шиновар аз Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар Чемпионати шиноварии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон баргузор мешавад, ду варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар 19-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ширкат мекунанд.
Ин мусобиқа аз 18 июн то 3 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар такя ба Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки чемпионат соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд.
Завтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Бори нахуст мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт
Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири “Omicron” ва чораҳои пандемия дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.

Санаи 7 феврали соли 2022, Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18 июн то 3 июли соли 2022 хоҳад буд.

Ин кишвар бори дуюм аст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об нерӯ месанҷанд.
Лентаи хабарҳо
0