Бори нахуст мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

© Пресс-служба Федерации Футбола РТЗавтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии
Завтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон барои расидан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ба мақоми миллипӯшони Тоҷикистон дар раванди ширкат дар қаҳрамонӣ таъсир нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Қирғизистон, ки имрӯз, 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба худ кафолат дод.
Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Бозии рӯз: Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷойи аввал мубориза мебаранд
Бозии даври ниҳоии марҳилаи гуруҳӣ дар Бишкек баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон вориди сабқат мешаванд.
Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов оғоз мешавад.
Дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар дар ду даври аввал шашхолӣ ба даст оварданд. Қирғизистон ҳамоно дар ҷои дуюм аст, зеро тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот натиҷаи беҳтар дорад – панҷ гол зада, ягон голи худро аз даст надодааст. Футболбозони қирғиз чор тӯб задаанд ва як гол сар додаанд.
Мухлисон метавонанд пахши мустақими бозии муҳимро аз тариқи шабакаҳои телевизионии "Варзиш" ва "Футбол"-и Тоҷикистон тамошо кунанд.
Бозиро инчунин ду шабакаи телевизионии варзишии Қирғизистон - КТРК Спорт ва ТВ Қирғизистон намоиш медиҳанд. Илова бар ин, Иттиҳодияи футболи Қирғизистон (КФУ) хабар дод, ки ин бозӣ дар кӯчаҳои чанд шаҳр пахш мешавад.
Даврон Эргашев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Даврон Эргашев тими миллии Тоҷикистонро тарк кард: сабаб
Қаблан Иттиҳодияи футболи Қирғизистон аз мухлисон даъват карда буд, ки ба бетартибиҳо даст назананд, дастаро ба таври кофӣ дастгирӣ кунанд ва пешакӣ ба варзишгоҳ ҳозир шаванд.
"Агар шаҳрвандони мо фазои носолимро ба вуҷуд оваранд, пас Қирғизистон метавонад барои риоя накардани қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, ки метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - гуфт хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0