https://sputnik.tj/20220614/senator-rusiya-ilovagi-askaron-ukraina-1049183350.html
Сенатори Русия: Ба даъвати иловагии аскарон барои Украина ниёз надорем
Сенатори Русия: Ба даъвати иловагии аскарон барои Украина ниёз надорем
Sputnik Тоҷикистон
Ихтиёриёне, ки феълан ба Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донбасс фиристода мешаванд, барои бароварда кардани ҳадафҳои гузошташудаи Русия басанда арзёбӣ гардиданд
2022-06-14T18:40+0500
2022-06-14T18:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
артиш
низомӣ
амният ва мудофиа
амалиёт
даъват
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102543/19/1025431983_0:169:3043:1881_1920x0_80_0_0_d488bd3a79ad7701e7939a3cc8460465.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Даъвати иловагии аскарон ба артиши Русия дар пасманзари амлаиёти низомӣ дар Украина зарур намеояд, изҳор дошт раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия дар бахши мудофиа, Виктор Бондарев. Ӯ дар суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ихтиёриёне, ки феълан ба Украинаю Донбасс фиристода мешаванд, барои амалӣ кардани ҳадафҳои гузошташуда кофиянд. "Фикр мекунам, ихтиёриён басандаанд, ки худашон ба он ҷо мераванд, то тартиботро барқарор намоянд", - изҳор дошт Бондарев. Зимни суҳбат дар мавриди муҳлати амалиёти вижаи низомӣ раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия гуфт, то расидан ҳадафҳои гузошташуда. "Пушти шаҳрвандон паноҳ мешаванду барои худ сипари зинда месозанд ва имкон намедиҳанд, нерӯҳои мо бо қадамҳои бузург пеш раванд. Чун сокинони осоиштаро ба пеш такон медиҳанд ва ба ин далел артиши моро зарур меояд, интихобан амал намояд", - гуфт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Ба иттилои вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220614/amaliyoti-vizhai-rusiya-ukraina-taqdiri-zarkharidon-1049165695.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102543/19/1025431983_176:0:2845:2002_1920x0_80_0_0_5d15b7d4c6a71712b7adc726be19f4f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенатор, даъват, иловагӣ, артиш, русия
сенатор, даъват, иловагӣ, артиш, русия
Сенатори Русия: Ба даъвати иловагии аскарон барои Украина ниёз надорем
18:40 14.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ихтиёриёне, ки феълан ба Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донбасс фиристода мешаванд, барои амалӣ кардани ҳадафҳои Русия кофӣ арзёбӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Даъвати иловагии аскарон ба артиши Русия дар пасманзари амлаиёти низомӣ дар Украина зарур намеояд, изҳор дошт раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия дар бахши мудофиа, Виктор Бондарев.
Ӯ дар суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ихтиёриёне, ки феълан ба Украинаю Донбасс фиристода мешаванд, барои амалӣ кардани ҳадафҳои гузошташуда кофиянд.
"Фикр мекунам, ихтиёриён басандаанд, ки худашон ба он ҷо мераванд, то тартиботро барқарор намоянд", - изҳор дошт Бондарев.
Зимни суҳбат дар мавриди муҳлати амалиёти вижаи низомӣ раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия гуфт, то расидан ҳадафҳои гузошташуда.
"Пушти шаҳрвандон паноҳ мешаванду барои худ сипари зинда месозанд ва имкон намедиҳанд, нерӯҳои мо бо қадамҳои бузург пеш раванд. Чун сокинони осоиштаро ба пеш такон медиҳанд ва ба ин далел артиши моро зарур меояд, интихобан амал намояд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба иттилои вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.