Раҳматулло Фузайлов тарки "Равшан" кард

© ФФТ Бывший защитник сборной Таджикистана Рахматулло Фузайлов
Бывший защитник сборной Таджикистана Рахматулло Фузайлов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Дар пайи лағви шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббӣ бошгоҳи зафарободӣ то ҳол барои тамриноти бозигарон мутахассиси нав наёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Футболбози маъруфи тоҷику рус, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов аз мақоми сармураббии бошгоҳи футболи "Равшан"-и Зафаробод канор рафт.
Дар ин бора дафтари матбуотии бошгощи мазкур иттилоъ додааст.
"Равшан Зафаробод ва Раҳматулло Фузайлов қарордоди ҳамкориро бо розигии тарафайн қатъ карданд", - афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳматулло Фузайлов дастаро нимаи мавсими гузашта қабул карда, дар Лигаи якум ҷои дуюмро касб намуд ва дастаро ба Лигаи олии Тоҷикистон баровард.
Маълум аст, ки Фузайлови 42-сола ба мураббигӣ соли 2016 дар дастаи "ССКА-Помир" шурӯъ намуда, сипас мураббии "Куктош" буд.
Футболбоз Раҳматулло Фузайлов оғози фаъолияти варзишии худро дар клубҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронидааст.
Футбольный мяч на поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Аҳмадзода бо ҳайати тими “Равшан” мулоқот кард: варзишгоҳи Зафаробод кай обод мешавад?
Дар ҳайати "Нефтчи" -и Фарғона вай ду маротиба дар чемпионати Ӯзбекистон медалҳои нуқра ба даст овард, соҳиби Ҷом гардид.
Ғайр аз ин, аз соли 2000, ӯ дар чор клуби Русия - "Шинник Ярославл", "Алания Владикавказ", "Лада Тольятти", "Носта Новотроицк" бозӣ мекард.
Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашт ва дар дастаи "ССКА-Помир"-и Душанбе шомил шуд ва аз соли 2008 дар чемпионати Тоҷикистон дар бошгоҳҳои "Энергетик", "Вахш", "Регар-ТадАЗ" пайваст.
Клуби футболи "Равшан" аз дастаҳои навтаъсис ба шумор рафта, соли 2016 ташкил гардидааст.
Даста бори аввал соли 2019 дар Лигаи дуюми мамлакат иштирок карда, соли 2020 барои ширкат дар Лигаи якум роҳхат гирифт.
Соли 2021 дар ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷои дуюмро соҳиб шуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт ва айни замон бозингарони даста дар ин лига бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0