https://sputnik.tj/20220610/ahmadzoda-tim-ravshan-muloqot-zafarobod-1049096718.html
Аҳмадзода бо ҳайати тими “Равшан” мулоқот кард: варзишгоҳи Зафаробод кай обод мешавад?
Аҳмадзода бо ҳайати тими “Равшан” мулоқот кард: варзишгоҳи Зафаробод кай обод мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд ва раиси Федератсияи футбол ободии варзишгоҳи ноҳияро ба миён гузоштаанд 10.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-10T16:40+0500
2022-06-10T16:40+0500
2022-06-10T20:18+0500
дар тоҷикистон
суғд
тими "равшан"
раҷаббой аҳмадзода
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032519344_94:0:1728:919_1920x0_80_0_0_3de87e13bd0ea6ad2dd7e479af9c75ef.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз мулоқот бо футболбозони Истаравшан бо ҳайати тими "Равшан"-и Зафаробод низ мулоқот кардааст.Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон зимни ин мулоқот мушкили аслии ин даста бозсозии варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод дар миён гузошта шудааст. Яке аз футболбозони иштирокдори ин мулоқот гуфт, ки раиси вилояти Суғд ба масъулини ҳукумати Зафаробод дастур додааст, ки барои фароҳамсозии шароити мусоид ба даста аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд. Клуби футболи "Равшан" аз дастаҳои навтаъсис ба шумор рафта, соли 2016 ташкил гардидааст. Даста бори аввал соли 2019 дар Лигаи дуюми мамлакат иштирок карда, соли 2020 барои ширкат дар Лигаи якум роҳхат гирифт.Соли 2021 дар ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷои дуюмро соҳиб шуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт ва айни замон бозингарони даста дар ин лига бозӣ мекунанд. Ҳоло дар Лигаи олии мамлакат аз вилояти Суғд чор даста — “Хуҷанд”, “Эсхата”, “Равшан” ва “Истаравшан” ва дар Лигаи якум танҳо дастаи “Гулистон” бозӣ мекунанд. Ҳайати ҳаркадом ин дастаҳо бо Раҷаббой Аҳмадзода ба таври ҷудогона мулоқот оростааст. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод, ки аз соли 1975 ба мерос мондааст, вайрону валангор шуда, бинобар вазъи иқтисодии ноҳия то кунун тармим нашудааст. Як қисми майдони бозӣ ҳатто фурӯ рафтааст. Дар чунин шароит барпо шудани бозиро масъулони Федератсияи футболи кишвар ФФТ иҷоза намедиҳанд. Ба далели ин мушкили мавҷуда бозиҳои хонагии “Равшан”-и Зафаробод дар варзишгоҳҳои иҷора, аз ҷумла дар “Спартак”-и Хуҷанд баргузор мешаванд. Масъулони ҳукумати Суғд ба футболбозон ваъда додаанд, ки варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод то охири соли ҷорӣ бозсозӣ гардида мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220504/ravshan-zafarobod-futbol-roh-yoft-maydon-bozi-nadorad-1048192328.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032519344_298:0:1523:919_1920x0_80_0_0_c86ff508a2558487ae3cce9f85dcfb4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода “равшан” мулоқот варзишгоҳ зафаробод обод
аҳмадзода “равшан” мулоқот варзишгоҳ зафаробод обод
Аҳмадзода бо ҳайати тими “Равшан” мулоқот кард: варзишгоҳи Зафаробод кай обод мешавад?
16:40 10.06.2022 (Навсозишуда: 20:18 10.06.2022) Футболбозони дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд ва раиси Федератсияи футбол ободии варзишгоҳи ноҳияро ба миён гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз мулоқот бо футболбозони Истаравшан бо ҳайати тими "Равшан"-и Зафаробод низ мулоқот кардааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон зимни ин мулоқот мушкили аслии ин даста бозсозии варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод дар миён гузошта шудааст.
Яке аз футболбозони иштирокдори ин мулоқот гуфт, ки раиси вилояти Суғд ба масъулини ҳукумати Зафаробод дастур додааст, ки барои фароҳамсозии шароити мусоид ба даста аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
“Ба масъулини ҳукумати ноҳия дастур дода шуд, ки то охири соли ҷорӣ бозсозии варзишгоҳро ба иҷро расонанд”, - иброз намуд, футболбози ҳайати “Равшан” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Клуби футболи "Равшан" аз дастаҳои навтаъсис ба шумор рафта, соли 2016 ташкил гардидааст.
Даста бори аввал соли 2019 дар Лигаи дуюми мамлакат иштирок карда, соли 2020 барои ширкат дар Лигаи якум роҳхат гирифт.
Соли 2021 дар ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷои дуюмро соҳиб шуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт ва айни замон бозингарони даста дар ин лига бозӣ мекунанд.
Ҳоло дар Лигаи олии мамлакат аз вилояти Суғд чор даста — “Хуҷанд”, “Эсхата”, “Равшан” ва “Истаравшан” ва дар Лигаи якум танҳо дастаи “Гулистон” бозӣ мекунанд. Ҳайати ҳаркадом ин дастаҳо бо Раҷаббой Аҳмадзода ба таври ҷудогона мулоқот оростааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод, ки аз соли 1975 ба мерос мондааст, вайрону валангор шуда, бинобар вазъи иқтисодии ноҳия то кунун тармим нашудааст. Як қисми майдони бозӣ ҳатто фурӯ рафтааст.
Дар чунин шароит барпо шудани бозиро масъулони Федератсияи футболи кишвар ФФТ иҷоза намедиҳанд.
Ба далели ин мушкили мавҷуда бозиҳои хонагии “Равшан”-и Зафаробод дар варзишгоҳҳои иҷора, аз ҷумла дар “Спартак”-и Хуҷанд баргузор мешаванд.
Масъулони ҳукумати Суғд ба футболбозон ваъда додаанд, ки варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод то охири соли ҷорӣ бозсозӣ гардида мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.