Даврон Эргашев тими миллии Тоҷикистонро тарк кард: сабаб

© ФФТДаврон Эргашев, архивное фото
Даврон Эргашев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳимоятгари тоҷик, капитани дастаи миллӣ Даврон Эргашев ба далели ихтилофи назар бо мураббӣ Питер Сегрт мунтахаби кишварро тарк кард
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Футболбози тоҷик, ки феълан дар тими "Бунёдкор"-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад, мунтахаби миллии кишварро тарк кардааст.
Ёдовар мешавем, ки даста ҳоло дар Бишкек қарор дорад ва дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023 бозӣ мекунад.
Даврон Эргашев пас аз ихтилофи назар бо сармураббии тими миллии Хорватия Петр Сегрт ба бошгоҳи худ "Бунёдкор" рафт.
Бино ба иттилоъи манбаъи Sputnik Тоҷикистон, муносибати ин бозигари тоҷик ва сармурабии хорватӣ "гарм нашуд" ва ин бозигар аз тими мунтахаби кишвар хориҷ шуд.
Ба гуфтаи манбаъ дар тими миллии Тоҷикистон, Даврон ва Сегрт ба далели он ки футболбози тоҷик дархости мутахассиси хорватиро иҷро накардааст, ҷанҷол кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Сегрт аз Эргашев талаб кардааст, ки аз роҳбарияти тими миллӣ дар бораи мукофотпулӣ пурсад. Тавре манбаъ гуфт, варзишгар ин дархостро рад кард ва мураббӣ ин амалашро дарк накард. Масъулини даста аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар назди тими миллӣ вазифаи ҳалкунанда гузошта шудааст, даста барои роҳхат ба Ҷоми Осиё мубориза мебарад.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23) провела товарищеский матч против сверстников из Узбекистана.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023
Ёдовар мешавем, ки Даврон Эргашев чанд мавсим боз дар “Бунёдкор”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Эргашев, ки беҳтарин ҳимоятгари қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими 2019 эътироф шудааст, барои ҳамкорӣ бо бошгоҳи Тошканд розӣ шуд. Қабл аз ин ӯ дар Хуҷанд бозӣ мекард.
Бояд гуфт, ки муҳофизи варзидаи тими миллии Тоҷикистон тайи ин солҳо аз бошгоҳҳои "Хуҷанд", "Регар-ТадАЗ", "Истиқлол", "Жетису", "Тараз" (ҳарду аз Қазоқистон) ва "Ғабала" (Озарбойҷон) ҳимоят кардааст.
Мунтахаби Тоҷикистон ахиран дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" дар Бишкек дувумин пирӯзиро ба даст овард. Тоҷикистон бар тими Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Мутахаби Тоҷикистон тими Мянмарро голборон кард
Дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаҳои 24 кишвар барои роҳ ёфтан ба финали Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд. Дастаҳо дар шаш гурӯҳ, чаҳор дастаӣ бозӣ мекунанд.
Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва панҷ ҷои дуюм – роҳхат мегиранд.
Ҷоми Осиё мебоист тобистони соли 2023 дар Чин баргузор мешуд, аммо ба наздикӣ ба далели маҳдудиятҳо дар ин кишвар бар асари коронавирус лағв шуд. Ҳоло маълум нест, ки мусобиқа дар куҷо баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0