https://sputnik.tj/20220614/khona-bozdosht-vmkb-avtomat-granatomyot-1049154723.html
Мақомот мегӯянд, аз хонаи яке аз боздоштшудаҳо дар ВМКБ автомату гранатомёт ёфтанд
Мақомот мегӯянд, аз хонаи яке аз боздоштшудаҳо дар ВМКБ автомату гранатомёт ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯянд, дар хонаи яке аз афроди қаблан дастгиршуда муҳимоти ҷангӣ ёфтанд, ки он бо ҳузури шахсони холис сурат гирифтааст
2022-06-14T09:00+0500
2022-06-14T09:00+0500
2022-06-14T15:20+0500
дар тоҷикистон
вмкб
боздошти гумонбарон
хоруғ
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102349/76/1023497669_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_a984aa0f636f2d6ba35b8a3db01a9ba3.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ВМКБ дар хонаи яке аз фаъолони мардумӣ, ки ду рӯз қабл мақомот боздошт карда буданд, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ёфт шудааст. Дар ин бора ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, 13 июн дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Т.А., саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ хонаи шахсии ӯ мусодира карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, силоҳҳои ёфтшуда аз қабили — 6 адад автомати Калашников, тамғаи АК -74 бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм, 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт мебошадГуфта мешавад, ки миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар шоҳидии шахсони холис ва дар ҳузури писари боздоштшуда ёфт ва мусодира шуд.Назари худи муттаҳамон ё ҷониби ҳимояашон дар бораи боздошту дарёфи силоҳ феълан маълум нест.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 июн мақомот хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти вижа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се тан аз сарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.Ба иттилои манбаъ, онҳо дар даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин – куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо гумонбар мешаванд.Илова бар ин, онҳо ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.Гуфта мешавад, ки нисбат ба дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дошта, дар ҳабс қарор доранд.Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуда буд.Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.Мақомот мегӯянд, гурӯҳи тақрибан 200-нафарӣ роҳи Душанбе - Хоруғро бастаанд ва дар натиҷаи амалиёти гузарондашуда дар Рӯшон расман 8 нафар кушта, 11 маҷруҳ ва зиёда аз 100 нафар боздошт гардидаанд.Инчунин таъкид шудааст, рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудааст.Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
https://sputnik.tj/20220613/kushta-khorugh-amaliyot-1049141982.html
https://sputnik.tj/20220531/kushta-rushon-amaliyot-sharh-rasmi-1048826504.html
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102349/76/1023497669_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_81d835dc6899c4dc37f22b4a1f0abc3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб боздоштшуда силоҳ
Мақомот мегӯянд, аз хонаи яке аз боздоштшудаҳо дар ВМКБ автомату гранатомёт ёфтанд
09:00 14.06.2022 (Навсозишуда: 15:20 14.06.2022) Мақомот мегӯянд, аз хонаи яке аз афроди қаблан дастгиршуда муҳимоти ҷангӣ ёфтаанд ва дарёфти ин муҳимот дар ҳузури шахсони холис сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ВМКБ дар хонаи яке аз фаъолони мардумӣ, ки ду рӯз қабл мақомот боздошт карда буданд, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ёфт шудааст. Дар ин бора ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 13 июн дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Т.А., саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ хонаи шахсии ӯ мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, силоҳҳои ёфтшуда аз қабили — 6 адад автомати Калашников, тамғаи АК -74 бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм, 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт мебошад
Гуфта мешавад, ки миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар шоҳидии шахсони холис ва дар ҳузури писари боздоштшуда ёфт ва мусодира шуд.
Назари худи муттаҳамон ё ҷониби ҳимояашон дар бораи боздошту дарёфи силоҳ феълан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 июн мақомот хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти вижа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се тан аз сарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дар даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин – куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо гумонбар мешаванд.
Илова бар ин, онҳо ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дошта, дар ҳабс қарор доранд.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуда буд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
Мақомот мегӯянд, гурӯҳи тақрибан 200-нафарӣ роҳи Душанбе - Хоруғро бастаанд ва дар натиҷаи амалиёти гузарондашуда дар Рӯшон расман 8 нафар кушта, 11 маҷруҳ ва зиёда аз 100 нафар боздошт гардидаанд.
Инчунин таъкид шудааст, рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудааст.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.