https://sputnik.tj/20220611/tojikiston-singapur-piruz-1049123459.html
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023
Sputnik Тоҷикистон
Яккачини Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Сингапур дар даври сеюми рақобатҳои интихобӣ дар Қирғизистон бо ба нишон расонидани як гол пирӯз шуд
2022-06-11T18:41+0500
2022-06-11T18:41+0500
2023-07-04T17:43+0500
дар тоҷикистон
футбол
ффт
қирғизистон
сингапур
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048718042_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_99200a64ca2c6c6eb8fac70ab63bb673.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳисоби 1:0 бар тими Сингапур пирӯз шуд.Ин дидор рӯзи 11-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.Тавре аз Федератсияи футболи кишвар (ФФТ) хабар доданд, ягона голро дар ин бозӣ, Шервон Мамадшоев дар дақиқаи 53-юми бозӣ ба нишон расонид. Яккачини Тоҷикистон пас аз бозӣ бо Сингапур соҳиби 6 хол шуд ва дар даври сеюми рақобатҳои интихобӣ бо мунтахаби Қирғизистон вориди сабқат мешавадЁдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар дастболо шуда, ба дарвозаи ҳариф чаҳор голи беҷавоб зад.Сегрт гуфт, ҳадафи асосии яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чистМаврид ба зикр аст, ки мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи "F" ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қаблан гуфта буд, ки ҳарифони Тоҷикистон заиф нестанд ва ҳама барои ғалаба мубориза мебаранд."Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем", - гуфтааст Сегрт.Мутахаби Тоҷикистон тими Мянмарро голборон кардМутахассиси хорватӣ аз ҳайат, омодагӣ ва интихоби бозигарон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки яккачини Тоҷикистон дар давраи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, ба таври ҷиддӣ кор кард.
қирғизистон
сингапур
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048718042_56:0:1273:913_1920x0_80_0_0_367f4db0128bf2a5ef355a99b8686405.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбол, ффт, мунтахаби тоҷикистон,
футбол, ффт, мунтахаби тоҷикистон,
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Сингапур дар Ҷоми Осиё-2023
18:41 11.06.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Яккачини Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Сингапур дар даври сеюми рақобатҳои интихобӣ дар Қирғизистон бо ба дарвоза ворид кардани як гол пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳисоби 1:0 бар тими Сингапур пирӯз шуд.
Ин дидор рӯзи 11-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар (ФФТ) хабар доданд, ягона голро дар ин бозӣ, Шервон Мамадшоев дар дақиқаи 53-юми бозӣ ба нишон расонид.
Яккачини Тоҷикистон пас аз бозӣ бо Сингапур соҳиби 6 хол шуд ва дар даври сеюми рақобатҳои интихобӣ бо мунтахаби Қирғизистон вориди сабқат мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар дастболо шуда, ба дарвозаи ҳариф чаҳор голи беҷавоб зад.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи "F" ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қаблан гуфта буд, ки ҳарифони Тоҷикистон заиф нестанд ва ҳама барои ғалаба мубориза мебаранд.
"Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем", - гуфтааст Сегрт.
Мутахассиси хорватӣ аз ҳайат, омодагӣ ва интихоби бозигарон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки яккачини Тоҷикистон дар давраи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, ба таври ҷиддӣ кор кард.