Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Ғарб дигар ба пирӯзии Киев бовар надорад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкЗапорожская АЭС находится под контролем российских военных
Запорожская АЭС находится под контролем российских военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Обуна шудан
Рӯзномаи “The Washington Post” навиштааст, ки кишварҳои Ғарб дигар ба пирӯзии артиши Украина дар амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина бовар надорад
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Рӯзномаи амрикоии “The Washington Post” навиштааст, ки кишварҳои Ғарб аз пирӯзии низомиёни украинӣ ноумед шуданд ва онҳо дигар ба "пирӯзиҳои" Киев дар набард бо Маскав бовар надоранд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Дар Украина лавозимоти ҷангии даврони шӯравӣ, ки асоси артиши ин кишвар аст, тақрибан ба таври комил тамом шудааст. Ингуна лавозимоти ҷангии даврони шӯравӣ дар артиши кишварҳои Аврупои Шарқӣ ҳаст, аммо изофаҳое, ки имкон дошт ба Украина ҳадя шавад аллакай тамом шудааст", — навиштааст рӯзнома.
Ин рӯзнома қайд кардааст, кумаки кишварҳои Ғарб ба таври кофӣ дар ихтиёри артиши Украина дода намешавад.
Next Generation Light Anti-tank Weapon (NLAW)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нигаронии Бритониё аз гум шудани силоҳҳои додашуда ба Украина
Ба навиштаи рӯзномаи “The Washington Post”, ба далели қудрати чандбаробарии артиши Русия, Ғарб дигар ба пирӯзиҳои артиши Украина бовар надорад.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ки рӯзи 24 феврал шурӯъ шуд, ИМА ва муттаҳидонаш аз НАТО ба режими Киев аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ доданд. Маскав борҳо ба талошҳои Ғарб барои кашол додани низоъ тавассути интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кард.
Вазорати дифои Русия ҳушдор дод, ки анборҳои муҳимоти ҷангӣ дар қаламрави Украина ҳадафи қонунии нерӯҳои ҳавоӣ Русия хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0