https://sputnik.tj/20220610/nigaronii-britoniyo-gumshudani-silohhoi-ukraina-1049102575.html
Нигаронии Бритониё аз гум шудани силоҳҳои додашуда ба Украина
Нигаронии Бритониё аз гум шудани силоҳҳои додашуда ба Украина
Sputnik Тоҷикистон
Шабакаи телевизионии Sky News хабар додааст, як қисми силоҳҳое, ки ба артиши Украина додашуданд, эҳтимол дорад, бинобар нобасомониҳо дар ин кишвар гум шаванд
2022-06-10T19:10+0500
2022-06-10T19:10+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
бритониё
аслиҳа
гум шудаанд
нигаронӣ
аврупо
ҷанг
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0a/1049102285_0:54:1728:1026_1920x0_80_0_0_390913f56d16047aa31544d007defd63.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" хабар дод, ки эҳтимол дорад, як қисми силоҳҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина дода буданд, ба далели нобасомониҳо дар кишвар гум мешаванд.Саймон Веземан, як корманди аршади Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм гуфт, ки таҷҳизоти низомии Амрико ва Аврупо метавонанд на танҳо аз байн бурда шавад, балки эҳтимол дорад, дар бозори сиёҳ низ пайдо шаванд.Вай гуфт, айни замон барои ҳалли ин мушкилот кори каме анҷом дода шудааст, аммо дар оянда бояд барномае барои ҷамъоварии лавозимоти ҷангӣ аз аҳолии осоишта таҳия карда шавад.Кристен Байес, намояндаи созмони бритониёии Campaign Against Arms Trade бар ин назар аст, ки пешниҳоди аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ба Украина "фаҳмост, аммо бидуни мушкилот нест".Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ки рӯзи 24 феврал шуруъ шуд, ИМА ва муттаҳидонаш аз кишварҳои НАТО ба Украина аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ доданд.Қаблан раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден лоиҳаи Қонун дар бораи пешниҳоди кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Киев ба маблағи тақрибан 40 миллиард долларро ба имзо расонд.Маскав борҳо ба талошҳои Ғарб барои давом додани низоъ тавассути интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кардааст. Вазорати дифои Русия ҳушдор додааст, ки анборҳои муҳимоти ҷангӣ ҳадафи қонунии нерӯҳои ҳавоӣ Русия дар Украина хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20220606/medvedev-avrupo-naft-rusiya-justuju-1048966924.html
https://sputnik.tj/20220609/rusiya-ukraina-kumak-video-1049070134.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0a/1049102285_144:0:1584:1080_1920x0_80_0_0_ea65a306cd1e42104d7620074acaea24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бритониё, аслиҳа, силоҳ, украина, гум шудан, аслиҳа, нигаронӣ
бритониё, аслиҳа, силоҳ, украина, гум шудан, аслиҳа, нигаронӣ
Нигаронии Бритониё аз гум шудани силоҳҳои додашуда ба Украина
19:10 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Шабакаи телевизионии "Sky News" хабар додааст, як қисми силоҳҳое, ки ба артиши Украина дода шудаанд, эҳтимол дорад, бинобар нобасомониҳо дар ин кишвар гум шаванд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" хабар дод, ки эҳтимол дорад, як қисми силоҳҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина дода буданд, ба далели нобасомониҳо дар кишвар гум мешаванд.
Саймон Веземан, як корманди аршади Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм гуфт, ки таҷҳизоти низомии Амрико ва Аврупо метавонанд на танҳо аз байн бурда шавад, балки эҳтимол дорад, дар бозори сиёҳ низ пайдо шаванд.
"Пайгирии силоҳҳо бо чунин суръате, ки дода мешавад, осон нест. Хавфи гум шудани аслиҳа дар натиҷаи нобасомониҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад", - гуфт мутахассис.
Вай гуфт, айни замон барои ҳалли ин мушкилот кори каме анҷом дода шудааст, аммо дар оянда бояд барномае барои ҷамъоварии лавозимоти ҷангӣ аз аҳолии осоишта таҳия карда шавад.
Кристен Байес, намояндаи созмони бритониёии Campaign Against Arms Trade бар ин назар аст, ки пешниҳоди аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ба Украина "фаҳмост, аммо бидуни мушкилот нест".
"Шояд гумон мекунед, ки аслиҳаро ба одамони шиносу дӯстдоштаатон месупоред, аммо баъд маълум мешавад, ки он ба дасти касоне меафтад, ки дар рӯ ба рӯи мо сангар гирифтаанд”, - гуфт ӯ.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ки рӯзи 24 феврал шуруъ шуд, ИМА ва муттаҳидонаш аз кишварҳои НАТО ба Украина аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ доданд.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден лоиҳаи Қонун дар бораи пешниҳоди кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Киев ба маблағи тақрибан 40 миллиард долларро ба имзо расонд.
Маскав борҳо ба талошҳои Ғарб барои давом додани низоъ тавассути интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кардааст. Вазорати дифои Русия ҳушдор додааст, ки анборҳои муҳимоти ҷангӣ ҳадафи қонунии нерӯҳои ҳавоӣ Русия дар Украина хоҳанд буд.