https://sputnik.tj/20220612/putin-murdumi-rusiyaro-ruzi-rusiya-tabrik-1049133663.html
Путин мурдуми Русияро ба Рӯзи Русия табрик кард
Путин мурдуми Русияро ба Рӯзи Русия табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Русия ба муносибати ҷашни Истиқлолият ба мардуми кишвараш муроҷиат кард ва ба таъриху анъанаҳои давлатд таъкид кард
2022-06-12T15:55+0500
2022-06-12T15:55+0500
2022-06-14T19:48+0500
дар русия
владимир путин
табрикот
мардум
истиқлолият
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048470272_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_9c62bfedc7d8774b9b117dfb03089a65.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар маросими супурдани ҷоизаҳои давлатӣ дар Қасри бузурги Кремлин, мардуми кишварро ба ифтихори Рӯзи Русия табрик гуфт.“Шумо ва тамоми шаҳрвандони кишварро бо Рӯзи Русия - ҷашни умумимиллӣ, ки ба кишвари мо рабт дорад, бо ифтихор аз таърихи ва бовар ба ояндаи он табрик мегуям. Имрӯз мо хусусан дарк мекунем, ки ин ҷашн барои Ватан, ҷамъияти мо ва ягонагии халқи мо то чӣ андоза муҳим аст”, — гуфт ӯ.Илова бар ин, роҳбари Русия арзиш ва тавоноии анъанаҳои чандинасраро, ки танҳо дар тӯли таърихи Русия мустаҳкам шудаанд, қайд кард."Чунин ҳамдилӣ, садоқат ва масъулият ба Ватан аз тарафи ниёгони мо мерос мондааст. Мо медонем, ки ин анъанаҳо чӣ гуна арзишҳои ахлоқӣ, ва пояҳои маънавӣ доранд. Онҳо дар тӯли таърихи ҳазорсолаи Русия ба вуҷуд омадаанду пурзур шуданд", - илова кард Путин.Роҳбари Русия қайд кард, ки анъанаҳо имрӯз мардуми сермиллати кишварро муттаҳид мекунанд ва эҳсоси амиқи ватандӯстӣ то ҳол муқаддас боқӣ мондааст.Қобили зикр аст, ки Рӯзи Русия 12 июн аз соли 1992, вақте ки Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии РСФСР ба имзо расид, таҷлил мешавад. То соли 2002 ин ид "Рӯзи Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия" ном дошт.
https://sputnik.tj/20220610/putin-raisijumhur-nav-turkmaniston-muloqot-1049099168.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048470272_90:0:2819:2047_1920x0_80_0_0_ea37844a034704bb7594633cbf3bd394.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, табрикот, ҷашн, истиқлолият, рӯзи русия, владимир путин
русия, табрикот, ҷашн, истиқлолият, рӯзи русия, владимир путин
Путин мурдуми Русияро ба Рӯзи Русия табрик кард
15:55 12.06.2022 (Навсозишуда: 19:48 14.06.2022) Роҳбари Русия ба муносибати Ҷашни истиқлол ба мардуми кишвараш муроҷиат кард ва ба омӯзиши таъриху риояти анъанаҳои давлатдорӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар маросими супурдани ҷоизаҳои давлатӣ дар Қасри бузурги Кремлин, мардуми кишварро ба ифтихори Рӯзи Русия табрик гуфт.
“Шумо ва тамоми шаҳрвандони кишварро бо Рӯзи Русия - ҷашни умумимиллӣ, ки ба кишвари мо рабт дорад, бо ифтихор аз таърихи ва бовар ба ояндаи он табрик мегуям. Имрӯз мо хусусан дарк мекунем, ки ин ҷашн барои Ватан, ҷамъияти мо ва ягонагии халқи мо то чӣ андоза муҳим аст”, — гуфт ӯ.
Илова бар ин, роҳбари Русия арзиш ва тавоноии анъанаҳои чандинасраро, ки танҳо дар тӯли таърихи Русия мустаҳкам шудаанд, қайд кард.
"Чунин ҳамдилӣ, садоқат ва масъулият ба Ватан аз тарафи ниёгони мо мерос мондааст. Мо медонем, ки ин анъанаҳо чӣ гуна арзишҳои ахлоқӣ, ва пояҳои маънавӣ доранд. Онҳо дар тӯли таърихи ҳазорсолаи Русия ба вуҷуд омадаанду пурзур шуданд", - илова кард Путин.
Роҳбари Русия қайд кард, ки анъанаҳо имрӯз мардуми сермиллати кишварро муттаҳид мекунанд ва эҳсоси амиқи ватандӯстӣ то ҳол муқаддас боқӣ мондааст.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи Русия 12 июн аз соли 1992, вақте ки Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии РСФСР ба имзо расид, таҷлил мешавад. То соли 2002 ин ид "Рӯзи Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия" ном дошт.