https://sputnik.tj/20220610/putin-raisijumhur-nav-turkmaniston-muloqot-1049099168.html
Путин барои нахустин бор бо раисиҷумҳури нави Туркманистон мулоқот кард
Путин барои нахустин бор бо раисиҷумҳури нави Туркманистон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари туркман бо даъвати Путин ба Русия рафт, ки ин нахустин сафари расмии хориҷии Бердимуҳаммадов пас аз ба қудрат расиданаш аст
2022-06-10T16:20+0500
2022-06-10T16:20+0500
2022-06-10T16:21+0500
владимир путин
сардор бердимуҳаммадов
дар русия
туркманистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176822_0:167:3015:1863_1920x0_80_0_0_881f14a46eacf534722cee93c1e4c93f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Владимир Путин , президенти Русия бо Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури тозаинтихоби Туркманистон мулоқот кард.Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони ду кишвар аст. Зимни мулоқот сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Путин ва Бердимуҳамедов ҳамчунин Эъломия дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегии кишварҳоро имзо мекунанд. Илова бар ин, раҳбари Русия тасмим гирифтааст, ки ҳамтои худро аз ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина огоҳ кунад. Бояд қайд кард, ки Бердимуҳаммадов бо даъвати Путин аз Маскав дидан мекунад. Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба мақоми раҳбари давлат расидан дар моҳи марти соли 2022 аст. Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисиҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ пирӯз ва барои ҳафт соли дигар президент интихоб шуд.Ҳамин тариқ, ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард. Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмӯъ 27,03% овоз гирифтанд.Ӯ пас аз бурдаш гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва авлавияти ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва шарикони суннатӣ равона мешавад.
https://sputnik.tj/20220315/javon-muhandis-diplomat-prezident-turkmaniston-1046746253.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176822_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1217189521297400975fdb7c5e4f30b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин раисиҷумҳур туркманистон мулоқот
путин раисиҷумҳур туркманистон мулоқот
Путин барои нахустин бор бо раисиҷумҳури нави Туркманистон мулоқот кард
16:20 10.06.2022 (Навсозишуда: 16:21 10.06.2022) Раҳбари туркман бо даъвати Путин ба Русия рафт, ки ин нахустин сафари расмии хориҷии Бердимуҳаммадов пас аз ба қудрат расиданаш аст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Владимир Путин , президенти Русия бо Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури тозаинтихоби Туркманистон мулоқот кард.
Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони ду кишвар аст.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Путин ва Бердимуҳамедов ҳамчунин Эъломия дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегии кишварҳоро имзо мекунанд.
Илова бар ин, раҳбари Русия тасмим гирифтааст, ки ҳамтои худро аз ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина огоҳ кунад.
Бояд қайд кард, ки Бердимуҳаммадов бо даъвати Путин аз Маскав дидан мекунад. Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба мақоми раҳбари давлат расидан дар моҳи марти соли 2022 аст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисиҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ пирӯз ва барои ҳафт соли дигар президент интихоб шуд.
Ҳамин тариқ, ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.
Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмӯъ 27,03% овоз гирифтанд.
Ӯ пас аз бурдаш гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва авлавияти ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва шарикони суннатӣ равона мешавад.