Киссинҷер: Баъд аз ҳодисаҳои Украина барои Русия дар сиёсат ҷой пайдо намоед

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкБывший госсекретарь США Генри Киссинджер
Бывший госсекретарь США Генри Киссинджер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи собиқи Амрико аз кишварҳои Ғарб даъват кардааст, ки баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина дар сиёсат барои Русия ҷой пайдо намоянд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Генри Киссинҷер, вазири умури хориҷии пешини ИМА дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Times” гуфт, ки мо набояд дар бораи Русия фаромӯш кунем, мо бояд пас аз ҳаводиси Украина барои ин кишвар "ҷой пайдо кунем".
"Баъд аз анҷоми он (амалиёти вижа) бояд барои Украина ва Русия, агар нахоҳем, ки Русия ба посгоҳи Чин дар Аврупо табдил ёбад, ҷой пайдо кунем", - пешниҳод кард Киссинҷер.
Вай дар бораи НАТО гуфт, ин созмон, ки “ҳамкории Аврупо ва Амрикоро инъикос мекунад”, бояд нигох дошта шавад.
Дар баробари ин, сиёсатмадори куҳансол қайд кард, ки дар муносибатҳои Шарқи Наздику Осиё бо Аврупо ва Амрико "суолҳои бузург" вуҷуд дорад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Амрико гуфт, барои чӣ Байден ба Украина кумак мекунад
Ба гуфтаи Киссинҷер, аъзоёни НАТО дар робита ба авзоъи Украина муттаҳид шуданд, зеро он ба онҳо “таҳдидҳои” кӯҳнаро “хотиррасон” кард.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0